Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон тасмим дорад, ҳукми қатлро комилан бекор кунад


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ки кишвараш ҳукми қатлро комилан бекор мекунад ва ба Протоколи дувуми факултативии Эъломияи байналхалқии ҳуқуқҳои шаҳрвандиву сиёсӣ мепайвандад. Ин ҳуҷҷат ба бекорсозии ҳукми қатл равона шудааст.

"Замони ҳалли масоиле фаро расид, ки фаъолони мадании мо баррасӣ мекарданд. Ба вазорати корҳои хориҷӣ дастур дода мешавад, ҷараёни ҳамроҳшавӣ ба Протоколи дувуми факултативии Эъломияи байналхалқии ҳуқуқҳои шаҳрвандиву сиёсиро оғоз кунад",-гуфт Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 20-уми декабр.

Соли 2003 дар Қазоқистон ба ҳукми қатл моратория эълом карданд: ҳадди ниҳоии ҷазо дар он кишвар - ҳабси якумрӣ аст. Аммо ҳукми қатл ҳамчун навъи ҷазои ҷиноӣ аз қонун берун нашудааст ва баъди бекорсозии моратория метавонад дубора баргардонида шавад.

Ин навъи ҷазо дар асоси 17 модда: "Истифодаи василаҳои мамнуъ ва методҳои ҷангӣ", "Наслкушӣ", "Зархаридӣ", "Хиёнат ба давлат дар вақти ҷанг", "Сӯиқасд ба ҷони президенти нахустини Қазоқистон - Пешвои миллат", "Сӯиқасд ба ҷони президент", "Ҳамлаи террористӣ" ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Аз замони мустақил шудани Қазоқистон то ҷорӣ гардидани моратория ҳукми қатл нисбати 536 кас татбиқ шуда буд.

XS
SM
MD
LG