Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шоҳроҳи Алмато-Тошканд 80 нафарро аз сардӣ наҷот доданд


Дар шоҳроҳи Алмато-Тошканд-Тирмиз шаби 22-уми декабр як автобуси мусофирбар ва чандин мошинеро ба ҷои амн интиқол доданд, ки ба иллати поин рафтани ҳарорати ҳаво дар нимароҳ монда буданд.

Ба огаҳии ширкати давлатии "Қазавтожол", автобус аз роҳ баромада буд.

Ҷамъан 36 мусофири автобус ва 44 мусофири мошинҳои сабукравро ба деҳаи "Шакпак-Баба"-и вилояти Туркистон интиқол додаанд.

"Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар ҳавои номусоид ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии вилоятҳои Оқтеппа, Қазоқистони Шарқӣ, Ҷамбил ва Туркистони Қазоқистон маҳдудият ҷорӣ шудааст",-афзуд ширкат.

XS
SM
MD
LG