Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ва Абе дар бораи Эрону Куриёи Шимолӣ чӣ гуфтанд?


Доналд Трамп ва Шинзо Абе
Доналд Трамп ва Шинзо Абе

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон дар бораи Эрону Куриёи Шимолӣ ва масоили тиҷоратӣ суҳбат кардааст.

Як сухангӯи Кохи Сафед гуфт, суҳбат телефонӣ сурат гирифт, аммо дар бораи онки тарафҳо пиромуни Эрон чӣ гуфтанд, ҷузъиёт надод.

Хабаргузории Ҷопон гузориш дод, ки суҳбати раиси ҷумҳури Амрико ва нахуствазири Ҷопон 1 соату 15 дақиқа идома ёфт. Шинзо Абе ба хабарнигорон гуфтааст, суҳбат бо дархости Трамп анҷом шуд.

Гуфтугӯи ҷонибҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки сафари дурӯзаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Ҷопон ба поён расидааст. Рӯҳонӣ дар ин сафар аз ҳукумати Ҷопон хост, барои ҳифзу наҷоти созиши ҳастаии соли 2015 миёни шаш қудрати ҷаҳон ва Эрон ҳамкорӣ кунад. Нахуствазири Ҷопон низ ба ҳамкории кишвараш дар ин росто таъъкид кардааст.

Амрико соли 2018 аз ин созиш берун шуд.

XS
SM
MD
LG