Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи порлумонӣ дар Узбекистон. Тағйирот мешавад?


Рӯзи 22-юми декабр дар Узбекистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Ин нахустин интихоботи Маҷлиси Олии он кишвар аз замони ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 аст. Қарор аст, натиҷаҳои ибтидоии интихобот баъд аз зуҳри 23-юми декабр эълон шавад.

Дар ҳоле ки Мирзиёев ваъдаи ислоҳот додааст, баъзе таҳлилгарон аз маҳдудиятҳо суҳбат мекунанд.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки ҳайати вижаро ба Узбекистон фиристодааст, гуфт, баъзе аз камбудҳои интихоботҳои гузашта ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch ҳафтаи гузашта гуфт, Узбекистон моҳи феврал ба қонуни интихобот чанд тағйирот ворид кард, аммо ислоҳот натавонист имкони интихоби номзадҳои воқеиро барои раъйдиҳандагон фароҳам кунад.

Дар гузориш гуфта шудааст, панҷ ҳизби сабтшуда “бар асоси маҳдудаи аз ҷониби ҳукумат муқарраршуда” амал мекунанд ва ҳеч як ҳизб ва ё номзади мустақил ба интихобот роҳ дода нашуд.

Дар интихоботи порлумонии Узбекистон намояндагони панҷ ҳизби сиёсӣ барои ворид шудан ба ниҳоди қонунгузор талош карданд.

Палатаи поёнии порлумони Узбекистон аз 150 курсӣ иборат аст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 50 курсии онро ҳизби либерал-демократи Узбекистон дар ихтиёр дорад.

XS
SM
MD
LG