Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи автобуси муҳоҷирон дар Волгоград. Захмиҳо ҳастанд. АКС


Маҳалли ҳодиса. 22-юми декабри соли 2019
Маҳалли ҳодиса. 22-юми декабри соли 2019

Бар асари садамаи мусофирбари ҳомили муҳоҷирон дар вилояти Волгоград чандин нафар захмӣ ва ба бемористон бурда шудаанд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 22-юми декабр гуфтанд, ки мусофирбар ба як "Камаз" бархӯрдааст.

Ба иттилои расмӣ дар мусофирбар 56 нафар қарор доштаанд, ки чаҳор нафар аз Қазоқистон, ду нафар аз Тоҷикистон ва боқимонда аз Узбекистон будаанд.

Баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ аз вилояти Волгоград ва аз маҳалли ҳодиса аксу видео фиристоданд. Бино ба гуфтаи онҳо, дар маҳалли ҳодиса мошини оташнишонӣ, ёрии таъҷилӣ ва ва пулис истодааст.

Яке аз корбарон гуфт, автобуси ҳомили муҳоҷирон аз Русия ба Узбекистон бармегашт.

Дар бораи вазъи саломати шаҳрвандони Тоҷикистон чизе гуфта намешавад. Расонаҳои Русия дар бораи маҷруҳ шудани шаҳрвандони Қазоқистон хабар додаанд.

Бо вуҷуди сафари пурмашаққат ва хатарзо ба воситаи мусофирбарҳо, муҳоҷирон бештар аз ин роҳ ба Русия мераванд ва ё аз онҷо ба ватан бармегарданд. Чун нархи билети ҳавопаймо, ба гуфтаи онҳо, гарон аст ва на ҳама имкони хариди онро дорад.

XS
SM
MD
LG