Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи шадид Тоҷикистон ва Афғонистонро такон дод


Соати 16:39 дақиқаи рӯзи ҷумъаи 20-уми декабр заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Зилзила дар Душанбе, Бохтар, Рашт, Бадахшон ва дигар манотиқи кишвар эҳсос шудааст. Ин зилзила дар фосилаи чанд сония ду бор Душанберо ба таври давомдор такон дод. Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон шиддати ин зилзила дар Душанберо 4 дараҷа гуфтааст.

Ин заминларза қисматҳое аз Узбекистон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндро низ такон додааст. Расонаҳои покистонӣ бо такя ба Маркази зилзилашиносии Исломобод хабар доданд, ки зилзилаи 6,4-дараҷаӣ шимоли он кишварро ларзонидааст. Рӯзноми "Dawn" бо такя ба иттилои ин манбаъ гуфтааст, ки маркази ин зилзила кӯҳҳои Ҳиндукуш дар Афғонистон будааст.

Созмони мустақили EMSC низ хабар додааст, ки зилзилаи "шадид" дар кӯҳҳои Ҳиндукуш рух додааст. Ин манбаъ дараҷаи ин зилзиларо 6,1 балл ва маркази онро 39-километрии ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтааст.

То ба ҳол маълум нест, ки ин зилзила дар маркази он хисороте дар пай доштааст ё на. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза рух медиҳад, вале бисёре аз онҳо эҳсос намешаванд.

XS
SM
MD
LG