Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ ба Ҷопон сафар кард


Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ бо як сафари корӣ дар Ҷопон қарор дорад. Токио талош дорад дар шароити ташдидёбии равобити миёни ИМА ва Ҷумҳурии Исломӣ нақши миёнҷиро бозӣ кунад. Рӯҳонӣ нахустин раҳбари Эрон аст, ки дар давоми бист соли охир аз Ҷопон дидан мекунад. Қаблан моҳи июни имсол нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе баъди пирӯзиаш дар интихобот бо сафаре аз Теҳрон дидан карда буд. Ӯ нахустин раҳбари кишвари Осиёи Шарқӣ шуд, ки дар 40 соли охир аз Эрон дидан мекунад. Вазорати хориҷаи Ҷопон дар остонаи сафари Рӯҳонӣ бо пахши изҳороте гуфт, ки Токио “дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар, аз ҷумла ИМА ва Эрон талош дорад дар эътидоли вазъ дар Ховари Миёна саҳмгузор шавад”. Вале бо ин вуҷуд, сухангӯи ҳукумати Эрон Алӣ Рабеӣ гуфт, ки боздиди Рӯҳонӣ аз Токио “ба масоили мисли музокирот бо ИМА ҳеҷ рабте надорад”. Баъди аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шудани ИМА дар соли гузашта, равобити ИМА ва Эрон дубора пуртаниш шуд.

XS
SM
MD
LG