Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби президенти Қирғизистон ба фаъолиятҳои сиёсиаш хотима дод


Омурбек Бабанов, раиси ҳизби "Республика"-и Қирғизистон ва рақиби интихоботии президенти он кишвар Сооронбой Ҷеенбеков аз хатми фаъолиятҳои сиёсиаш хабар дод. Эъломи хатми фаъолиятҳои сиёсии Бабанов дар анҷумани ғайринавбатии ҳизби "Республика" садо дод.

"Ман мехоҳам аз хатм шудани фаъолиятҳои сиёсиам хабар диҳам. Замони ба дасти насли нав додани парчам фаро расид. Ман сифатҳои роҳбари навро дар вуҷуди Мирлан Ҷеенчороев мебинам. Бовар дорам, ки вай ҳам барои ояндаи ҷумҳурӣ ва ҳам барои ояндаи ҳизб саҳми бузург мегузорад. Ислоҳот идома хоҳад кард",-гуфт Бабанов.

Ширкатдорони анҷуман вакили порлумон Мирлан Ҷеенчороевро раиси ҳизби "Республика" интихоб карданд.

Баъди интихоботи соли 2017, ки Омурбек Бабанов дар он мақоми дувумро касб карда буд, маҷбур шуд, Қирғизистонро тарк ва фаъолиятҳои сиёсиашро қатъ кунад. Дар ин муддат вай дар Москва қарор дошт. Бабанов 9 август ба Қирғизистон баргашт.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Бабановро чанд маротиба ба КДАМ ба бозпурсӣ даъват карданд. Бабанов гуфт, дар асоси 8 парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Ҳизби "Республика"-ро Бабанов соли 2010 таъсис дод.

XS
SM
MD
LG