Ду сафири собиқи амрикоӣ қонунгузории муҷозоткунандаи ширкатҳои бунёдкори лӯлаи гази Русия ба Олмонро интиқод карданд. Дипломатҳои собиқ гуфтанд, муҷозоти ширкатҳо барои сохтмони тарҳи лӯлаи гази Nord Stream-2 бо арзиши 11 миллиард доллар равобити ду кишвари ҳампаймони НАТО-ро осеб мерасонад. Ба андешаи онҳо, баръакс ИМА бояд нисбати Русия барои аз меъёр камтар интиқол додани газ ба Украина таҳрим ҷорӣ кунад. Конгресс дар фикри таъини таҳрим ба ширкату сохторҳое аст, ки дар бунёди лӯлаи гази Русия-Олмон дар бистари баҳри Балтик иштирок мекунанд, чун, ба андешаи вакилон, Аврупо дар ҳолати вобастагии энержии Русия қарор мегирад.
Лӯлаи газ тавони солона интиқол додани 55 миллиард метри мукааб гази табиӣ то Олмонро хоҳад дошт ва ин роҳ Украина ва Полшаро сарфи назар мекунад. То анҷоми корҳои сохтмонии ин тарҳ чанд ҳафтаи дигар мондааст, вале президенти ИМА Доналд Трамп ният дорад рӯзи 20 декабр қонуни хароҷоти дифоиро имзо кунад. Таҳримҳои тарҳи Nord Stream-2 бахше аз ин хароҷот мебошад. Дар миёни ширкатҳои аввалине, ки мавриди ҳадаф қарор мегиранд, Allseas Group-и Шведсия ва зерсохторҳои он мебошанд. Дениел Фрид, собиқ сафири Амрико, ки муаллифи тарҳи таҳримҳои Русия баъди ғасби Қрим дар соли 2014 мебошад, гуфтааст, ки тарҳи таҳримҳо барои лӯлаи газ, на Кремлин, балки Олмонро дар муқобили ИМА қарор медиҳад.