Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳари Ширин Айматова дар фурудгоҳ боздошт шуд


Ширин Айматова, вакили пешини порлумони Қирғизистон.
Ширин Айматова, вакили пешини порлумони Қирғизистон.

Ширин Айтматова, вакили пешини порлумони Қирғизистон ва духтари Чингиз Айтматов, нависандаи машҳур шоми 19 декабр аз нопадид шудани шавҳараш дар фурудгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон хабар дод.

Баъдтар Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки Сиргака Кенҷебоев, шавҳари Ширин Айтматова бо гумони "қаллоби дар ҳаҷми махсусан калон" боздошт шудааст.

КДАМ гуфт, як тоҷири чинӣ аз Кенҷебоев шикоят кардааст. "Шавҳарамро КДАМ дар фурудгоҳи Алмато боздошт ва ба Бишкек бурд. Пурсуҷӯ хоҳем кард. Таъқиб идома дорад",-навишт Ширин Айтматова дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ширин Айтматова тасмим дошт, ҳамроҳ бо хонаводааш тавассути фурудгоҳи Алмато ба хориҷ равад.

Ширин Айтматова муассиси ҳаракати "Умут 2020" аст, ки фасодкориро дар порлумони Қирғизистон таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG