Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон раванди сабти телефонҳо аз рейд дар бозорҳо шуруъ шуд


Ҳафтаи гузашта мақомоти махсуси Узбекистон тафтиши шахсонеро шуруъ карданд, ки ба воридсозии телефонҳои мобилӣ машғул ҳастанд.

Ба иттилои шоҳидон, наздики 10 фурӯшанда ва барноманавис аз бозори "Мадина"-и Тошканд барои бозпурсӣ ба идораи пулис бурда шуданд. Аз онҳо талаб шудааст, ки ному насаби воридкунандагони телефонҳои мобилиро аз хориҷ ошкор кунанд.

Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, амалиёти тафтишот ва бозпурсӣ ба оғози роҳандозии низоми сабти телефонҳои мобилӣ ё IMEI рабт дорад.

Ба гуфтаи фурӯшандаҳо, амалиёти мақомот нишонаҳои инҳисорсозии фурӯши телефонҳои мобилиро дорад.

Дар Узбекистон сар аз 1 ноябр сабти ҳатмии рамзи IMEI-и телефонҳои мобилӣ дар пойгоҳи ягонаи иттилоотии он кишвар роҳандозӣ шудааст. Дар сурати сабт накардан ширкатҳои мобилӣ ба дастгоҳи мобилӣ хизмат намерасонанд.

Дар Русия, Белорус, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Тоҷикистон рамзи IMEI (International Mobile Equipment Identity) бо ҳадафи "мубориза зидди ҷинояткорӣ" роҳандозӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG