Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2019


Баҳодур Усмонов (аз рост) ва Дилшод Назаров (аз чап).
Баҳодур Усмонов (аз рост) ва Дилшод Назаров (аз чап).

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 20-уми декабр даҳ варзишгари беҳтаринро дар соли 2019 муайян кард.

Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо инҳо дохил шуданд:

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии Осиё дар вазни то 64 кг дар Тайланд, соҳиби се медали тилло, як нуқра ва як биринҷии мусобиқоти байналмилалӣ;

Дилшод НАЗАРОВ (варзиши сабук) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии Осиё оид ба гурзандозӣ дар Қатар; ​

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (ҷудо) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар вазни то 90 кг дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ҷоизадори биринҷии Гран-при дар Анталия;

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар вазни беш аз 100 кг дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ҷоизадори биринҷии Гран-при дар Марокаш;

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) – барандаи медали тиллои қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонони то 21-сола дар вазни то 73 кг дар Марокаш, ҷоизадори биринҷии Гранд Слэм дар Осако;

Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии қаҳрамонии Осиё дар Чин, ҷоизадори тилло, нуқра ва биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Ҳиндустон;

Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Гранд Слэм дар Екатеринбург ва медали нуқраи Гран-при дар Тошканд дар вазни то 73 кг;

Хушқадам ХУСРАВОВ (самбо) – барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ ва Суперҷоми ҷаҳон дар Маскав дар вазни то 62 кг;

Далер РИЗОЗОДА (гуштии юнонӣ-румӣ) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар вазни то 72 кг дар Муғулистон ва ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон дар Тайланд;

Сабрина АБРОРОВА (шоҳмот) - барандаи медали тиллои Бозиҳои V ҷаҳонии наврасони ҳамватан дар Ханти-Мансийски Русия ва ду медали нуқраи қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ миёни духтарони то 14-сола дар Ҳиндустон .

“Вале, мутаассифона, то ҳоло варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио роҳхат нагирифтаанд. Ҳамчунин имсол касе аз Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпии варзиш миёни бузургсолон медал ба даст наовард”,-иброз дошт Нарзулло Латипов.

XS
SM
MD
LG