Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирпарронӣ дар бинои марказии ФСБ. Чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд. ВИДЕО


Бино ба гузориши хабаргузориҳои Русия, шоми 19-уми декабр бар асари тирпарронӣ дар бинои марказии ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – як корманди ин ниҳод кушта шудааст. Оҷонси иттилоотии "ТАСС" ба нақл аз мақомоти Вазорати тандурустии Русия навишт, дар ин ҳодиса панҷ нафари дигар захмӣ гардиданд. Маркази матбуотии ФСБ мегӯяд, ҳамлавар як нафар буд ва натавонист вориди бино шавад ва аз байн бурда шуд. Бинои ФСБ дар минтақаи Лубянка дар маркази шаҳри Маскав воқеъ аст ва атрофи онро нирӯҳои амниятӣ ва полис печондаанд. Ҳамла ба бинои ФСБ дар лаҳзаҳое сурат гирифт, ки президенти Русия Владимир Путин дар Кремл дар консерти бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи амният (ФСБ, СВР ва ФСО) иштирок дошт. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, дар бораи ҳамла ба Путин гузориш додаанд. Рӯзи кормандони соҳаи амният дар Русия 20-уми декабр таҷлил карда мешавад.

XS
SM
MD
LG