Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF: Аз ҳукми додгоҳ нисбати журналистони эронӣ ваҳшатзада шудем


Амирҳусейн Муҳаммадифард ва Соноз Оллоҳёрӣ
Амирҳусейн Муҳаммадифард ва Соноз Оллоҳёрӣ

Гузоришгарони бидуни марз (Reporters Without Borders - RSF) мегӯяд, ки аз шунидани ҳукми додгоҳи таҷдиди назари чаҳор журналисти маҷаллаи интернетии “Гом” дар Теҳрон ваҳшатзада шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои худи ин созмони мақараш дар Париж, додгоҳ ҳукми журналистонро аз 18 соли зиндон то 5-солӣ барои ҳар як нафар коҳиш дод. Ба ин тартиб, Амирҳусейн Муҳаммадифард, Соноз Оллоҳёрӣ, Амир Амирғӯлӣ ва Асал Муҳаммадӣ дар маҷмӯъ ба 20 соли зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳи зинаи аввал дар моҳи сентябр баргузор шуд. Ин журналистон як соли пеш барои гузоришашон дар бораи эътирозҳои коргарон дар вилояти Хузистон, ки аз маошҳои пардохтношудаву шароити сангин шикоят мекарданд, боздошт шуданд. Созмони Афви байнулмилал (Amnesty International) дар изҳороте моҳи июл иттиҳоми онҳоро як “сохтакорӣ” номид ва гуфт: “Таъқиби онҳо бахше аз саркӯби азими фаъолони ҳуқуқи коргар ва журналистон аст, ки охири соли 2018 дар атрофи ширкати Haft Tappeh сар зада буд”.

Марзия Амирӣ
Марзия Амирӣ


Гузоришгарони бидуни марз инчунин дар изҳороти 18 декабри худ гуфтанд, ки додгоҳ ҳукми журналисти дигар – Марзия Амириро, ки барои нашрияи “Шарқ” кор мекард, тасдиқ карда, муҷозоти ӯро аз 10 соли зиндон ба 148 шаллоқ иваз кард. Амирӣ моҳи май баъди пӯшиши эътирозҳо дар беруни сохтмони парлумони Эрон боздошт шуда буд. Ӯву чор журналисти дигар моҳи октябр шартан то ҳукми додгоҳи таҷдиди назар озод шуданд.

Ҳукми додгоҳ дар ҳолест, ки Эрон барои саркӯби шадиди эътирозҳо дар беш аз 100 шаҳри ин кишвар мавриди интиқоди байналмилалӣ аст. Созмони Афви байнулмилал гуфт, ки дар эътирозҳои ахир ба ҳангоми саркӯби мардум аз ҷониби нирӯҳои интизомӣ 304 нафар кушта шудааст. Мақомоти эронӣ гуфтанд, ки ин омор “дурӯғ” аст.

XS
SM
MD
LG