Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кор дар Чех: ваъдахилофи узбекистониро ба додгоҳ кашиданд


Ориф Рустамов ва Шерзод Алиқулов - сокинони вилояти Қашқадарёи Узбекистон шикоят доранд, ки кормандони оҷонси хусусии шуғл "International Experience" бо ваъдаи кор дар Ҷумҳурии Чех аз ҳар кадоми онҳо 4 ҳазордолларӣ гирифта, аммо фиреб додаанд.

Рустамов дар моҳи апрели соли 2019 дар Интернет эълони кор дар Ҷумҳурии Чехро дид ва ба оҷонси "International Experience" муроҷиат кард. Масъулони оҷонс ваъда карданд, ки давоми се моҳ ӯро ба Ҷумҳурии Чех мефиристанд.

"3 май ҳамроҳи бародарзодаам Шерзод Алиқулов ба оҷонс рафтем. Ҳар кадоми мо $4 ҳазорӣ пардохтем. Мудири оҷонс Ойбарчин Кимсанова ваъда дод, ки давоми се моҳ моро ба Ҷумҳурии Чех мефиристад. Аммо бештар аз 7 моҳ шуд, ки на маблағ асту на шуғли ваъдагӣ",-гуфт Ориф Рустамов.

Ба гуфтаи ин мард, давоми ин муддат борҳо ба идораи оҷонси мазкур рафтааст ва ҳар бор дар идора афроди зиёди фиребхӯрдаро дидааст.

Ойбарчин Кимсанов, мудири оҷонси шуғл гирифтани маблағ аз сокинонро тасдиқ кард. Вай афзуд, мушкил баъди он пайдо шуд, ки натавонист, барои муштариҳо визаи Ҷумҳурии Чехро дарёфт кунад.

Дар Узбекистон ахиран чанд ширкати дигар низ бо ваъдаи кор дар хориҷ аз кишвар сокинонро фиреб доданд.

XS
SM
MD
LG