Котиботи президенти Қирғизистон муроҷиатнома ба номи раҳбарияти ин кишварро барои аз мақом барканор кардани додситони кул Откурбек Ҷамшедов қабул кард. Дар ин бора раҳбари гуруҳи ҳуқуқии "Претседент" Нурбек Токтакунов дар Фейсбук хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, зери муроҷиатномае, ки дар он аз президент барканории додситони кул ба хотири ҳимояти Раимбек Матраимов талаб шудааст, 207 нафар имзо гузоштаанд.
"Онҳое, ки мехостанд, имзо гузоранд бештар аз ин буданд, вале ман коғаз надоштанд. 100 нафарро ба инобат гирифта будам. Ҳоло посухи президентро мунтазир мемонем. Ҳамзамон ба Кумитаи амнияти миллӣ низ муроҷиат мекунем. Аз Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои молӣ хоҳем пурсид, ки дар робита ба Матраимов чиро тафтиш доранд",-афзуд ӯ.
Токтакунов 9 декабр аз Додситонии кулли Қирғизистон тафтиши далелҳо дар бораи дороии ҳангуфти Матраимовро дархост карда буд, ки дар эъломия зикр нашудаанд. Ҳуқуқшиноси қирғиз дар муроҷиатномаи худ далелу матлабҳоеро оварда буд, ки дороии ҳангуфти муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Матраимовро нишон медиҳанд.
Ба огаҳии Додситонии кулли Қирғизистон, муроҷиатномаи ҳуқуқшинос 10 декабр қабул ва барои таҳқиқ ба Раёсати тафтишотии Кумитаи амнияти ин кишвар фиристода шудааст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.
Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.
Хонаводаи Матраимовҳо 9 декабр барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд.