Маҷлиси намояндагони Сенат рӯзи 18 декабр барои баррасии овоздиҳӣ дар заминаи ду моддаи марбут ба радди салоҳияти президент Доналд Трамп ташкили ҷаласа мекунад. Интизор меравад, палатаи поёнии парлумон, ки зери назари демократҳо аст, ду иттиҳоми марбут ба импичментро қабул кунад. Ин моддаҳо - сӯиистифода аз қудрат ва итоат накардан ба Конгресс буда, ба муомилаҳои Трамп бо Украина рабт мегирад. Баъди ин қарор аст Сенат – палатаи болоии парлумони Амрико қарор кунад, ки Трамп гунаҳгор аст ва ӯро аз мақоми президентӣ берун кунанд ё на. Азбаски аксари аъзои Сенат ҷумҳурихоҳҳо мебошанд, гумон аст, ки онҳо бо қарори Маҷлиси намояндагон мувофиқат кунанд.
Дар таърихи Амрико ду президент аз ҷониби маҷлиси намояндагон радди салоҳият шудаанд – Эндрю Ҷонсон ва Билл Клинтон, вале ҳеҷ гоҳ Сенат бо барканории онҳо мувофиқат накардааст. Трамп дар он муттаҳам мешавад, ки бар ивази манъи ироаи кӯмакҳои низомӣ ба Украина барои боз кардани таҳқиқи ҷиноӣ нисбати рақиби интихоботиаш аз ҳизби демократ Ҷо Байден ба президент Владимир Зеленский фишор овардааст. Дар остонаи шурӯи муҳокимаҳои маҷлис Трамп дар Твиттери худ бори дигар навишт, ки бегуноҳ аст.
Дар як номаи шашсаҳифагӣ, ки 17 декабр нашр кард, ӯ Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагонро дар талоши кудато айбдор кард. Пелосӣ намояндаи демократҳои Калифорния аст.
Худи Пелосӣ ҳақи эълони радди салоҳият ба президентро “як ҳуқуқи бисёр муҳиме” номид, ки аз ҷониби конститутсия фароҳам шудааст.