Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ходими полиси Покистон дар маъракаи бар зидди фалаҷи атфол кушта шуданд


Эмкунии кӯдакон таҳти ҳимояти полис ҷараён мегирад
Эмкунии кӯдакон таҳти ҳимояти полис ҷараён мегирад

Дар Покистон Толибон ду ходими полисро, ки барои таъмини амнияти мутахассисони эмкунӣ бар зидди фалаҷи атфол сафарбар шуданд, аз тири туфанг ба ҳалокат расониданд. Ҳамлагарон рӯзи 18 декабр дар минтақаи Хайбар Пахтунхва ба кормандони полис ҳамла карданд. Мақомот ба бахши Покистонии радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷустуҷӯи ҳамлагарон идома дорад. Масъулияти ин ҳамларо Толибон ба ӯҳда гирифтанд.

Дар солҳои гузашта ҳам ҷангҷӯёни Толибон даҳҳо кормандони тиб ва полиси муҳофизи онҳоро дар ҷараёни маъракаи эмкунӣ ба қатл расониданд. Онҳо иддао мекунанд, ки ҳадафи ин маърака осеб расонидан ба кӯдакони покистонӣ аст. Покистон, ки дар миёни кишварҳои дорои нишондодҳои баланди фалаҷи атфол ёд мешавад, қарор аст дар давоми панҷ рӯзи маърака 39 ҳазор тифли то 5-соларо бо барномаи эмкунӣ зидди фалаҷи атфол фаро бигирад. Соли ҷорӣ дар ин кишвар 103 ҳодисаи гирифтории кӯдакон ба ин маризии сироятӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG