Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Суғд барои узвият дар ДОИШ ба 15 соли зиндон маҳкум шуд


Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, як сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд барои ширкат дар амалиёти ҷангии Сурияву Ироқ ва ҳам узвият дар созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” бо қарори додгоҳ ба 15 соли ҳабс маҳкум шудааст. Вебсайти ин ниҳод рӯзи 17 декабр хабар дод, ки Шӯҳратҷон Сатимови 31-сола баъди тарки Тоҷикистон карданаш дар соли 2013 аввал бо ҳадафи кор ба Русия рафта, соли 2015 барои ширкат дар ҷангҳои Ховари Миёна сафар кардааст. Ба навиштаи додситонии кулли Тоҷикистон, барои пайвастан ба гурӯҳи ҷангӣ Сатимовро як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҷалб кардааст.

Дар шарҳи хабар гуфта мешавад, ки нисбати Сатимов соли 2015 парвандаи ҷиноӣ бар асоси моддаи 4011 Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон боз шуда, худи ӯ охири моҳи июл боздошт шудааст.

Маълум нест, ки оё худи маҳкумшуда айбномаи додгоҳро, ки 20 сентябри соли ҷорӣ содир шудааст, эътироф мекунад ё на.

Тоҷикистон барои ширкати шаҳрвандонаш дар ҷангҳои хориҷӣ муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад. Ба иттилои мақомоти тоҷик, наздики ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баъди соли 2014 бо ҳадафи ширкат дар ҷангҳо ба сафи “Давлати исломӣ” пайваста ба Сурияву Ироқ рафтанд. Аксари онҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG