Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатор Граҳам: "Трамп ин ҳафта коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро эълон мекунад"


Линдсей Граҳам, як сенатори амрикоӣ мегӯяд, интизор меравад Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар ин ҳафта коҳиши сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро эълон кунад. Сенатор Граҳам пас аз мулоқот бо раҳбарони низомӣ ва ғайринизомии Покистон дар Исломобод, рӯзи душанбе вориди Кобул шуд. Вай гуфт, ки коҳиши ин нерӯҳо баъд аз соли нави мелодӣ оғоз мешавад.

Ин сенатори амрикоӣ афзуд, ки тавоноии нерӯҳои амниятии афғон то ҳадде афзоиш ёфтааст, ки метавон шумораи нерӯҳои амрикоиро коҳиш дод. Сенатор Граҳам аз ҷумлаи сенаторҳои наздик ба президент Доналд Трамп ба шумо меравад. Ӯ қабл аз ин ба коҳиши нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мухолифат мекард.

Граҳам, ки рӯзи душанбе дар Кобул бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, Трамп дар ин ҳафта коҳиши сарбозони амрикоӣ дар Афғонистонро эълом мекунад ва ӯ аз ин иқдоми президент ҳимоят мекунад, зеро ба гуфтааш, 8600 аскари боқимондаи амрикоӣ кофӣ аст, то итминон диҳанд, ки Афғонистон дигар ба майдони ҳамла ба Амрико ва муттаҳидони он мубаддал намешавад.

Ин сенатори Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико ҳамчунин гуфт, ки хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон бо дарназардошти вазъият дар ин кишвар сурат мегирад ва ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи Толибон бояд ба ваъдаҳои худ амал кунад. Ӯ ба ҳифзи дастовардаҳои 18-сола дар арсаи ҳуқуқи занон ҳам таъкид кард ва гуфт, талошҳо барои поёни ҷанг набояд сабаб шавад, то ҳуқуқи занон поймол гардад.

Оқои Граҳам рӯзи душанбе дар Кобул бо Ашраф Ғанӣ, президент ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон, ба таври алоҳида мулоқот кард.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистон озод гуфт, "коҳиши тадриҷии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон яке аз масъалаҳои дигар буд, ки бо раиси ҷумҳури Афғонистон сӯҳбат кард ва президент ҳамчунин аз зарфиятҳои нерӯҳои амниятии афғон, ки имрӯз аксарияти масъулиятҳои амниятиро ба дӯш доранд, сӯҳбат намуд".

Граҳам, ки қаблан аз нақши Покистон дар ҷанги Афғонистон интиқод карда буд, дар Кобул бори дигар таъкид намуд, ки агар Исломобод бар Толибон фишор биорад, ин ба ҳалли мушкили Афғонистон кӯмак мекунад.

Сиддиқ Сиддиқӣ дар ин маврид афзуд, президент Ғанӣ дар ин мулоқот бо оқои Граҳам гуфт, "мавзуи аввал, паноҳгоҳҳои амни Толибон дар берун аз Афғонистон аст. Мавзуи дувум, масъалаи оташбас аст, ки аз тарафи Толибон бояд риоя шавад ва мо бояд вориди музокирот шавем. Яъне пойдор будани сулҳ ва хатми ҷанг дар Афғонистон ба гунае, ки ҳадди ақал мо дар тӯли 18 сол ба даст овардаем, бояд осеб набинад".

Сенатор Граҳам рӯзи душанбе бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Афғонистон дар Кобул дидан кард. Раёсати иҷроияи Афғонистон дар эъломияе гуфтааст, ки оқои Абдуллоҳ дар ин мулоқот дар мавриди шаффофияти интихобот ва ҳамчунин тақвияти нерӯҳои амниятӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистон, гуфтугӯ кардааст.

XS
SM
MD
LG