Мақомоти Ҷумҳурии Чех чаҳор хориҷиро, ки дар муҷтамаи дипломатии Русия дар шаҳри Прага иқомат доштанд, аз кишвар берун кардааст. Пулис гуфт, ин чаҳор нафар ҳафтаи гузашта боздошт шуда буданд. Онҳо дипломат набуданд ва дар муҷтамаи дипломатии русӣ бидуни иҷозати расмӣ зиндагӣ мекарданд.
Тибқи айбномаи пулис, Сафорати Русия дар бораи ҳузури хориҷиён ба пулис хабар надодааст, ки амали мухолифи қонун ба шумор меравад. Шаҳрвандии афроди ихроҷшуда ошкор нагардид, онҳо ба муддати аз 1 то 4 сол аз ҳаққи вуруд ба Ҷумҳурии Чех маҳрум шуданд. Рӯзи 16-уми декабр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех Томаш Петричек гуфт, иҷрои қонунҳои Чех барои ҳама ҳатмист.
Дар моҳи март Вазорати корҳои хориҷии Чехия сафири Русия Александр Змиевскиро даъват намуда, хотирнишон карда буд, ки сафорат ҳақ надорад биноҳои дипломатиро ба тарафи севвум иҷора диҳад.
Рӯзномаҳои чехӣ навиштанд, сафорати Русия чаҳор биноро бо 200 манзилаш аз ҳукумати Чех ба муддати тӯлонӣ иҷора гирифта, дар он ҷо мардум на танҳо истиқомат доранд, балки ширкатҳои шаҳрвандони Русия ва дигар ҷамоҳири собиқ Шуравӣ сабти ном шуданд.