Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди футболбози турк аз Чин ва қатъи пахши бозии Арсеналу Манчестер


Месут Озил. Акс аз бойгонӣ
Месут Озил. Акс аз бойгонӣ

Ширкати телевизионии CCTV-и Чин рӯзи 15-уми декабр намоиши бозӣ миёни дастаҳои футболи "Арсенал"-и Лондон ва Манчестер Ситиро қатъ кард.

Сабаби чунин тасмим интиқоди бозигари турки клуби Лондон Месут Озил будааст. Ӯ Пекинро барои саркӯби мусалмонҳои Шинҷон танқид кард.

Клуби футболи англисӣ бо Чин дар заминаи пахши телевизионии бозиҳояш то соли 2022 созишномае бо арзиши 700 миллион доллар имзо кардааст, ки барояш як бозори боимтиёз ба шумор меравад.

Озил, ки решаҳои туркӣ дорад, рӯзи 13-уми декабр дар як изҳороташ тавассути шабакаи "Твиттер" саркӯби бераҳмонаи мардуми бумии Шинҷонро интиқод кард ва Шинҷонро – Туркистони Шарқӣ номид. Ӯ инчунин кишварҳои исломиро интиқод кард, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи мусалмонони Чин садо баланд намекунанд.

Пекин изҳороти Озилро "хабари дурӯғ" номид ва даъват кард, ки аз кишвар боздид кунад. Аз ҷумла, сухангӯи Вазорати умури хориҷми Чин Ген Шуан дар нишасти матбуотии рӯзи 16-уми декабр дар Пекин гуфт:

"Шинҷон бахши ҷудонопазири қаламрави Чин аст. Дар таърих ҳеч гоҳ Шинҷонро Туркистони Шарқӣ ва зиёда аз ин, давлати Туркистони Шарқӣ ном набурдаем. Намедонам, шояд Месут Озил ҳеч гоҳ Шинҷонро надида бошад. Ба назар мерасад, ӯ оҷиз аст ва бо хабарҳои дурӯғу изҳороти ғайривоқеӣ сардаргум шудааст."

Аксар сокинони бумии Шинҷонро уйғурҳо ва баъдан қазоқҳо ташкил медиҳанд. Дар онҷо қирғизу тоторҳо, тоҷику дунганҳо низ зиндагӣ мекунанд.

СММ моҳи августи соли гузашта гуфт, ҳудудан 1 миллион мусалмони Шинҷон, аксаран уйғурҳо, ба "марказҳои зиддитеррористӣ" ва миллионҳо дигарҳо дар “қароргоҳҳои бозтарбия” ҷой дода шуданд. Чин мегӯяд, ин муассисаҳо бо "таълиму тарбия" машғуланд, то ки мардум "зарари воқеии терроризму ифротгароии динӣ"-ро фарқ карда тавонанд.

XS
SM
MD
LG