Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде бо гумони азияти ҷинсии духтарандараш дастгир шудааст


Мақомоти Додситонии вилояти Хатлон нисбат ба сокини 36-солаи ин минтақа, ки бо гумони раво дидани "ҳаракатҳои бадахлоқона" ба духтарандари ҳаштсолааш дастгир шуд, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Мард беш аз ду ҳафта боз дар боздошт аст. Наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд ва озодии ӯро талаб доранд. Даъвогарон ҷазо гирифтани ӯро мехоҳанд. Мақомот мегӯянд, тафтиш идома дорад.

Ҳувияти марди муттаҳам ва духтари ноболиғ ба Радиои Озодӣ пурра маълум аст, аммо бо далелҳои ахлоқӣ нашр намешавад.

Парванда ба зидди ин мард бар асоси шикояти наздикони падари ҳақиқии духтар аввал дар додситонии маҳалли зисташ боз шуда, баъдан барои тафтиш ба Додситонии вилояти Хатлон супурда шудааст. Муфаттишон ин парвандаро аз рӯйи моддаи 142-и Кодекси ҷиноӣ -- "ҳаракатҳои бадахлоқона" -- таҳқиқ мекунанд.

Модари марди гумонбар (М.М.) охири ҳафтаи гузашта дар суҳбати телефонӣ ҳамагуна иттиҳом ба зидди писарашро бепоя хонд. Вай гуфт, писараш аз ҳамсари аввал бо як кӯдак ҷудо шуда, панҷ сол пеш бо модари ин духтари 8-сола оиладор шуд ва ҳоло аз ин зан як писар дорад.

"Кӯдакро бисёр дӯстдорӣ мекард. Ҳатто писари худро ҳамин хел дӯстдорӣ мекард. Вақте духтарро мегазад ва дар чанд ҷойи баданаш осор мемонад, инро баҳона карданд, ки гӯё талоши таҷовуз кардааст", -- афзуд ӯ.

Аз сӯҳбат бо модари М.М. маълум шуд, ки ӯ қаблан бо ҷурми дуздӣ дар зиндон адои ҷазо карда, соли 2016 бар асоси қонуни афв раҳо шудааст. Ин зан мегӯяд, натиҷаи ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ осори чунин рафторҳоро собит накардааст ва кӯдак зери таъсири гапи калонсолон гӯиё нисбат ба падарандараш шоҳидӣ додааст.

Вале манбаи Радиои Озодӣ дар Додситонии вилояти Хатлон гуфт, "ҳеч гоҳ бидуни далелу арқом ба зидди касе парванда боз намешавад. М.М. ба гуноҳаш эътироф кардааст." Маълум нест, иқрор ба гуноҳ дар кадом шароит ба даст омадааст.

Дар ҳоле ки ҳодиса аз сӯи додситонӣ таҳқиқ мешавад, модари ноболиғ мегӯяд, ҳеч шикоят надорад ва талош мекунад шавҳараш аз боздошт раҳо шавад. Т.Ҳ. -- модари духтари ноболиғ, ки дар шоҳидии хушдоманаш бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, дар посух ба суолҳои мо хеле боэҳтиёт посух дод. "Фақат аз дӯстдорӣ духтарро мегазид, ин корро дар пеши худам ҳам карда буд. Мехоҳам аз ҷавобгарӣ озод карда шавад, чунки дар ҳаққи ӯ туҳмат аст," -- гуфт ӯ.

Вай дар идома гуфт, "ман як кӯдаки дигар дорам ва бояд зиндагӣ кунам. Дар хонаи падару модарам зиндагӣ мушкил аст".

Аммо як нафари огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, М.М. дар хилват ва пинҳонӣ аз чашми атрофиён бо духтарандари ноболиғаш ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом медодааст. Ин рафтори падарандар замоне ошкор мешавад, ки духтар ба хонаи модарбузург меравад ва бибияш ҳангоми шустушӯи ӯ, дар баданаш доғҳои сиёҳу кабудро мебинад. Баъдан бо исрори бибӣ духтар аз амалҳои ғайриахлоқона ва озору азияти падарандараш қисса кардааст.

Пас аз ин, хешовандони падарии духтар ба мақомот шикоят мекунанд. "Вақте бибии кӯдак аз кор огоҳ мешавад, хешовандони падари ҳақиқии ӯ, ки чанд соли пеш дар Русия фавтида буд, ба пулис шикоят мекунанд. Ин мард аввал шаш рӯз дар шуъбаи корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ шуд ва баъдан ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт", - гуфт манбаи огоҳ аз қазия.

Дар додситонӣ гуфтанд, ҳанӯз таҳқиқи парванда анҷом наёфтааст ва барои халал нарасондан ба ҷараёни он аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунанд.

Ҳоло қонунгузории Тоҷикистон барои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба шахсе, ки ҳанӯз ба синни 14 нарасидааст, аз ду то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Қонунҳои Тоҷикистон ба дастдарозӣ ба номус муҷозоти сангинро пешбинӣ мекунанд. Бахусус, ҷиноятҳои шаҳвоние, ки дар миёни аъзои як оила рух медиҳад.

Моҳи майи имсол Додгоҳи шаҳри Душанбе як мардро барои дастдарозӣ ба номуси духтари ноболиғаш ба ҳабси абад маҳкум кард. Додгоҳ дар ҳукми худ гуфт, "ин сокини пойтахт ба номуси духтари ноболиғи худ дастдарозӣ карда, чанд дафъа такроран ӯро таҷовуз намудааст".

Мақомот ҳам аз афзоиши ин раванд нигаронӣ мекунанд. Ҳафтаи пеш Фаррух Рауфов, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар як нишаст дар Душанбе гуфт, 88 дарсади ҷиноятҳои ҷинсӣ, нисбат ба хурдсолону ноболиғон сурат мегирад.

Тибқи омори расмии Додситонии кул, дар нӯҳ моҳи ахири соли ҷорӣ 189 ноболиғ қурбонии ҷиноятҳои ҷинсӣ шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 30 ҳолат бештар будааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG