Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоевро дар куштори афсари амниятӣ муттаҳам карданд


Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар куштори як афсари амният дар ҷараёни муноқишаи байни нирӯҳои интизомиву тарафдоронаш дар моҳи август гумонбар дониста шуд. Қошғар Ҷунушалиев, вазири умури дохилии Қирғизистон рӯзи 13 декабр гуфт, ки Отамбоев ба таври расмӣ огоҳонида шуд, ки дар куштори полковник Усенбек Ниёзбеков, падари шаш фарзанд, ки рӯзи 7 август дар рейди ҳавлии Отамбоев дар деҳаи Кой Таши канораҳои Бишкек аз тири туфанг ба ҳалокат расид, айбдор мешавад. Ҷунушалиев гуфт, санҷиши баллистикӣ собит кард, ки Ниёзбеков аз тире, ки ба қафаси синааш аз ҷониби силоҳи снайперӣ зада шуд, ҷон дод ва ин силоҳ ба номи Отамбоев сабтином шудааст. Худи Отамбоев рӯзи 8 август ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ танҳо нафаре дар дохили ҳавлӣ буд, ки силоҳ дошт ва ӯ танҳо касе буд, ки дар муноқишаи рӯйдода силоҳро ба кор бурд.

Отамбоев се даъвати қаблӣ барои ҳозир шудан ба вазорати умури дохилиро нодида гирифт ва рӯзи 7 август афсарони амниятӣ ба ҳавлии ӯ бо ҳадафи ба тафтишот ҳозир кардани ӯ рафтанд. Отамбоевро аз рӯи парвандаи озодшавии ғайриқонунии як ҷинояткор дар соли 2013 гумонбар карданд. Баъди ду рӯзи муноқиша, ниҳоят Отамбоев рӯзи 8 август худро ба полис таслим кард ва ӯ расман ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро барои хушунат алайҳи намояндаи давлат, ташкили бенизомиҳои ҷамъиятӣ, талоши ташкили куштор, гаравгонгирӣ ва фасод гумонбар медонанд.

XS
SM
MD
LG