Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ҳамла ба Багром музокироти Халилзод бо Толибон боздошта шуд


Назди пойгоҳи Баграм, 11 декабр

Фиристодаи ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод рӯзи 12 декабр гуфт, баъди он ки гурӯҳи шӯришӣ алайҳи пойгоҳи низомии ИМА ҳамла анҷом дод, музокироти сулҳ бо Толибон муваққатан боздошта мешавад. Рӯзи чоршанбе ҷангҷӯёни Толибон дар наздикии пойгоҳи низомии Багром ҳамла анҷом доданд, ки дар натиҷа, ду шаҳрванди мулкии Афғонистон кушта ва беш аз 70 нафар, аз ҷумла, панҷ низомии гурҷӣ маҷрӯҳ шуданд. Ҳамлае, ки аз ҷумла бо ширкати як мошини бомбгузоришуда рух дод, як ҳафта баъди азсаргирии музокираҳо бо Толибон рух дод. Се моҳ пеш президенти ИМА Доналд Трамп музокираҳо бо гурӯҳи шӯриширо, ки ҳадафаш хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст, ногаҳон қатъ кард. Дипломати амрикоии зодаи Афғонистон Залмай Халилзод дар саҳифаи худ дар Твиттер навишт: «Вақте ман имрӯз Толибҳоро дидам, хашми худро дар робита бо ҳамлаи дирӯза ба Багром баён кардам. Дар ин ҳодисаи бераҳмона ду нафар кушта ва даҳҳо мулкӣ маҷрӯҳ шуданд». Халилзод гуфт, Толибон бояд нишон диҳанд, ки майлу ирода ва тавони барқарории сулҳро доранд. Ӯ афзуд, «мо танаффусе гирифта бо раҳбарон машваратҳо доир мекунем».

XS
SM
MD
LG