Мақомоти ироқӣ мегӯянд, издиҳоми хашмгин дар Бағдод рӯзи панҷшанбеи 12-уми декабр як навҷавони 16-соларо, ки дар ҷараёни эътирозҳои зиддидавлатӣ дар ин кишвар шаш нафар, аз ҷумла чаҳор нафар аз муътаризонро кушта буд, ба қатл расонида, ӯро аз по ба сар аз пояи чароғаки раҳнамо, овезон карданд.
Даҳҳо нафар аз мардум, ки дар ҷои ҳодиса ҷамъ шуда буданд, бо телефонҳои мобилии худ аз ҷасади овезоншудаи ин навҷавон дар яке аз майдонҳои марказии шаҳри Бағдод акс ва видео гирифтанд. Видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, нишон медиҳад, ки ин навҷавон аз аз сӯи издиҳоми хашмгин латукӯб мешавад ва ҷасади ӯро рӯи замин мекашанд.
Ин ҳодисаи хушунатомез нишонае аз ҳарос дар фазои эътирозҳои зиддидавлатии Ироқ аст. Эътирозҳои Ироқ аз рӯзи аввали октябр ва бо тазоҳуроти гурӯҳе аз мардум алайҳи фасоди ҳукуматӣ, бекорӣ ва вазъияти бади хизматрасонӣ дар кишвар, оғоз шуд.
Бархе аз амалҳои асроромез ва хунбор аз сӯи афрод ва гурӯҳҳои ношинос, эътирозгарони зиддидавлатиро ба шиддат нигарон кардааст. Рӯзи ҷумъаи гузашта бар асари тирандозии афроди мусаллаҳ, ки савори як мошин буданд, дар майдони Халонии Бағдод шуморе аз тазоҳуркунандагон кушта шуданд. Ҳамон ҳафта беш аз даҳ нафар аз эътирозгарон дар Майдони Таҳрир, ки ҷои асосии таҷаммуи эътирозгарон аст, бо зарби корди ҳамлаварони ношинос маҷрӯҳ шуданд.
Дар рӯзҳои ахир низ рабудан ва террори фаъолони саршиноси эътирозҳои ахир, муътаризонро ба шиддат нигарон кардааст. Эътирозгарон ниманизомиёни мавриди ҳимояти Эронро масъули ин ҳамлаҳо медонанд ва ба ин бовар ҳастанд, ки ҳадаф аз ин ҳамлаҳои хушунатомез, эҷоди ҳарос ва заъиф кардани ҷунбиши сулҳомези онҳост.
Ҳодисаи хунбори рӯзи панҷшанбе пас аз тирандозии як навҷавон ба сӯи мардум дар майдои Ал-Васабаҳи Бағдод оғоз шуд. Дар ин тирандозӣ соҳибони ду мағоза ва чаҳор нафар аз тазоҳуркунандагон кушта шуданд. Мақомоти амниятӣ гуфтанд, ин навҷавон ба хотири қочоқи маводи мухаддир таҳти таъқиб буд ва дар он лаҳзаҳо дар ҳоли фирор аз дасти кормандони пулис буд.
Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ ва масъулони бемористон, ин навҷавон бар асари зарбаҳои шадиди издиҳоми хашмгин, ки ӯро боздошт карданд, ҷон дод. Ба гуфтаи як мақоми амниятӣ, ки ҳозир нашуд номаш дар гузориш қайд шавад, бар асари тирандозии ин навҷавон, ҳашт нафар низ маҷрӯҳ шуданд.
Муқтадо Садр, рӯҳонии бонуфузи шиъа, афроде, ки ин навҷавонро куштанд, "террорист" номид ва ҳушдор дод, ки агар масъулини ин қатл шиносоӣ ва боздошт нашаванд, ӯ ба ниманизомиёни зери фармони худ дастур хоҳад дод, то ин майдонро тарк кунанд. Афроди зери фармони Муқтадо Садр барои муҳофизат аз эътирозгарон дар ин майдон ҷобаҷо шудаанд.
Ҷунбиши эътирозӣ дар Майдони Таҳрир қатли ин навҷавонро маҳкум карда ва дар баёнияе гуфт, масъулони ин ҳамла ба ин ҷунбиш тааллуқ надоранд. Дар бахше аз ин баёния гуфта мешавад, "мо иҷоза намедиҳем, ки чеҳраи инқилоби поки мо хадшадор шавад ва эълом мекунем, ки ба унвони эътирозгарони сулҳҷӯ дар ончи, ки имрӯз субҳ дар майдони Ал-Васабаҳ рӯй дод, гунаҳкор набудаем".
озоди метонед нотарсида акнун калимаи муҳоҷирро ба ҒУЛОМИ қари 21 иваз кунед ин мигрция аз имруз пас хариду фуруши қонунии ғуломон меша
Ба НОМУСАЛМОН!!! Як одам бисёр бошарму ҳаё ҳаст, оё шарму ҳаёи онро бо чи чен кунем???? Эмон дар луғат ба маънои тасдиқ ва иқрор кардан аст ва дар шаръ ба маънии 1) Эътиқод доштан бо қалб, 2) Иқрор кардан бо забон 3) Амал намудан бо аъзо мебошад. Эмон (эътиқод) ба Худо, Малоикаҳо, Китобҳои осмонӣ, Расулон, рузи қиёмат, тақдири некию бадӣ ва зиндагӣ баъди марг мебошад. Эмон қавӣ ва заиф мешавад. Яъне бо ибодат ва амалҳои солеҳ қавӣ мегардад ва ва бо гуноҳу амалҳои зишт заиф мешавад. Умедвор ҳастам, ки Шуморо фаҳмонда бошам.
О ин эътирозчиён сагерахои Авангард ку
Тавба точики зархариду серхаридор
мардума расман митинг кардан ичозат надихед, баъд онхо ба тазохурот мебароянд, ё хамин гуна сенарияи Хукумат аст...