Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 11,6 ҳазор гектар замини Байконурро аз Русия бозпас мегирад


Сенати порлумони Қазоқистон рӯзи панҷшанбе тағйиру иловаҳо ба созишнома бо Русияро дар бораи иҷораи маҷмааи "Байконур" тасвиб кард, ки бозпас гирифтани чаҳор қитъаи заминро ба масоҳати 11,6 ҳазор гектар аз Русия пешбинӣ мекунад.

"Ду қитъаи замин ба масоҳати 1 740 ҳектар барои тавсеаи маҳаллаи Торетами ноҳияи Қармақшии Қазоқистон ва ду қитъаи замини дигар ба масоҳати 9 950 ҳектар барои бунёди долони транзитии Аврупои Ғарбӣ - Чини Ғарбӣ, роҳи оҳани Алмато - Москва, лӯлаи Бейнеу - Чимкент гирифта хоҳанд шуд",-гуфт муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Айдарбек Сапаров.

Ба гуфтаи Сапаров, Русия дар умум 650 ҳазор гектар заминро аз Қазоқистон ба иҷора гирифтааст ва гирифтани 11,6 ҳазор ҳектар замин ба нархи иҷора таъсире нахоҳад расонд.

Маҷмааи "Байконур" аз истгоҳи парвози киштиҳои кайҳонӣ ва шаҳри Байконур иборат буда, онро Русия аз Қазоқистон ба иҷора гирифтааст. Иҷорапулии ҳамасолаи он, ки тибқи қарордод мӯҳлати он то соли 2050 муайян шудааст, 115 миллион доллар мебошад.​

XS
SM
MD
LG