Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири Гулнора Каримоваро духтари Мирзиёев "муайян" мекунад


Дар шаҳри Тошканд имрӯзҳо тафтиши парвандаи нав зидди духтари калонии президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримова ҷараён дорад. Дар ин бора чанде пеш Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дод.

Мақомоти Узбекистон Гулнора Каримоваро, ки дар анҷоми чандин ҷиноят гумонбар аст, ин бор дар раҳбарии гуруҳи ҷиноӣ айбдор мекунанд.

Тафтиши парвандаи навро муфаттиш оид ба парвандаҳои махсуси Идораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва коррупсияи Додситонии кулли Узбекистон Расул Юлдошев раҳбарӣ мекунад.

12 декабр дар саҳифаи духтари Гулнора Каримова - Имон Каримова қарори Юлдошев аз 1 ноябри соли равон нашр шуд. Дар қарори муфаттиш омадааст, ки парвандаи духтари калонии президенти пешини Узбекистон бо ҷалби мутахассисон аз идораҳои гуногуни давлатӣ ташхиси фарогир гузаронида шавад.

Ташхис бояд муайян кунад, ки дар натиҷаи моҷарои фасодкории марбут ба Каримова Узбекистон чи қадар зарари маънавӣ ва иқтисодӣ дидааст.

Муфаттиш дар қарори худ дастур додааст, ки ташхиси мазкурро Оҷонси иттилоотӣ ва иртибототи назди президенти Узбекистон анҷом диҳад. Бояд гуфт, яке аз раҳбарони ин оҷонс Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аст.

Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки ба раванди ташхис мутахассисон аз вазоратхонаҳои энержӣ, саноат, сармоягузорӣ, савдои хориҷӣ, умури дохилӣ ва Иттифоқи нависандагону Маркази омӯзиши афкори ом ҷалб карда шавад.

"Яъне, тақдири Гулнора Каримова ва ба анҷоми кадом ҷиноятҳо айбдор шудани ӯро духтари президенти Узбекистон муайян хоҳад кард. Ин на танҳо бархурди манофеъ, балки нишонаи он аст, ки парвандаи Гулнора Каримова комилан ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳадафи ниҳоӣ маҳви Гулнора Каримова аст",-навишта шудааст дар саҳифаи Имон Каримова.

XS
SM
MD
LG