Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исроил дар як соли охир бори севум интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад


Дар Исроил дар як соли охир бори севум интихоботи порлумонӣ баргузор хоҳад шуд. Ҷиноҳҳои порлумонии Исроил натавонистанд, эътилоф ташкил кунанд ва ба ин далел, вакилон тасмим гирифтанд, ки порлумонро пароканда эълом кунанд. Дар ин бора расонаҳои Исроил хабар медиҳанд.

Интихоботи ахири порлумонӣ дар он кишвар 17 сентябр барпо шуда буд. Ҳизби "Ликуд" дар порлумон соҳиби 31 курсӣ, ҳизби "Кахол-Лаван" соҳиби 33 курсӣ шуд. Порлумони Исроил дар маҷмуъ 120 курсӣ дорад.

Бинямин Натаняҳу, сарвазири Исроил 21 октябр гуфт, ки натавонист, дар муҳлати муқарраршуда ҳукумат таъсис диҳад. Ба ин далел, ҳаққи таъсиси ҳукумат ба роҳбари мухолифон дода шуд, аммо роҳбари мухолифон ҳам дар навбати худ аз уҳдаи таъсиси ҳукумат набаромад.

Моҳи май бори аввал дар таърихи Исроил интихоботи такрории порлумонӣ эълом шуд. Он замон низ сарвазири Исроил натавонист, эътилоф ташкил кунад. Ҳамакнун интихоботи нави порлумонӣ дар таърихи 2 марти соли 2020 таъйин гардидааст.

XS
SM
MD
LG