Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) дар гузориши солонаи худ эълон кард, ки ҳадди ақал 250 рӯзноманигор дар саросари ҷаҳон дар робита ба фаъолияти расонаӣ боздошт ва дар зиндон ба сар мебаранд. Тибқи ин гузориш, ки рӯзи чаҳоршанбеи 11-уми декабр ба нашр расид, бузургтарин зиндон барои рӯзноманигорон ба тартиб Чин, Туркия, Миср, Эритрея, Виетнам ва Эрон ҳастанд.
Ин ниҳоди байналмилалии мудофеи рӯзноманигорон, ки қароргоҳи он дар Ню-Йорк мебошад, мегӯяд, ки соли равон 21 рӯзноманигор кушта ва 64 тани дигар бедарак шудаанд. Бар асоси гузориши Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон, 97 дарсади ин зиндониён маҳаллӣ буда ва хабарҳои кишварҳои худро пӯшиш медоданд. Ҳашт дарсади рӯзноманигорони зиндонӣ зан ҳастанд ва ин мизон назар ба соли гузашта 13 дарсад коҳиш ёфтааст.
Тибқи ин гузориш, барои чаҳорумин соли пайдарпай ин теъдод рӯзноманигор дар сатҳи ҷаҳон зиндонӣ ҳастанд ва раҳбарони қудратгарое чун Си Ҷинпин (Чин), Раҷаб Таййиб Эрдуғон (Туркия), Муҳаммад бин Салмон (Арабистони Саудӣ) ва Абдулфаттоҳ Сисӣ (Миср) ҳеҷ нишонае аз кам кардани фишор бар расонаҳои мунтақид нишон намедиҳанд.
Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон мегӯяд, баррасиҳои солонаи ҷаҳонияш нишон медиҳад, ки имсол дар ҷаҳон ҳадди ақал 250 рӯзноманигор дар робита ба кори худ зиндонӣ шудаанд. Ин рақам соли гузашта 255 нафар буд. Аз замони пайгирии ин омор аз сӯи CPJ, рӯзноманигорон аз ҳама бештар дар соли 2016 (273 нафар), зиндонӣ шудаанд.