Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Дилноза Муҳиддинова ва Афсона Акобиршоева барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ


Афсона Акобиршоева
Афсона Акобиршоева

Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонун дар Тоҷикистон фаъоли ҷамъиятӣ Дилноза Муҳиддиноваро бо дипломи “Беҳтарин ҳомии ҳуқуқ” қадрдонӣ кард. Аъзои ҳакамон талошҳои ӯро барои роҳ надодан ба болоравии нархи Интернет дар баҳори соли 2018 ситоиш карданд.

Дилноза Муҳиддинова дар маъракаи ҷамъоварии имзо ба зидди тасмими боло бурдани нархи Интернет иштирок кард. Дар ду рӯз ба ин мактуб беш аз 600 нафар имзо гузоштанд. То ин ки мактуб ба дастгоҳи президент расад, раиси ҷумҳур қарори боло бурдани қимати Интернетро муваққатан боздошт. Вале баъди он Дилноза Муҳиддинова зери маъракаи созмонёфтаи фишору таҳқир қарор гирифт.

Дилноза Муҳиддинова
Дилноза Муҳиддинова

Ин ҷоиза рӯзи 9-уми декабр супурда шуд.

Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонунҳо аз соли 2009 боз бо пуштибонии молии сафорати Амрико дар Душанбе ҳар сол ҷоизаи “Беҳтарин мудофеи ҳуқуқи башари сол”-ро ба донишмандон, чеҳраҳои сиёсию иҷтимоӣ, рӯзноманигорон, намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар дар кишвар тақдим мекунад.

Ба гуфтаи Наргис Зокирова, раиси ин созмон, ҳадаф аз эътои ҷоиза қадрдонӣ аз кори душвори мудофеони ҳуқуқи башар ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.

Афсона Акобиршоева, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе барои “Мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар журналистика” соҳиби диплом шуд.

Акобиршоева аз нахустин духтароне буд, ки барои озори лафзӣ дар хиёбонҳои Душанбе ба пулис шикоят бурд ва аз ин роҳ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба ин мушкил дар Тоҷикистон ҷалб кард.

Дар солҳои қаблӣ, созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари “Ампаро”, Ҷамъияти ҳуқуқшиносҳои Помир, созмони “Ҳуқуқ ва шукуфоӣ”, хабарнигорон Рамзия Мирзобекова, Анора Саркорова, Ҳумайрои Бахтиёр, Нуриддин Қаршибоев, Шаҳлои Акобир, Гулнора Амиршоева, ҳуқуқдонҳо Юсуф Салимов, Татяна Хатюхина, Шӯҳрат Қудратов, Ойниҳол Бобоназарова, Дилрабо Самадова ва дигарон ҷоизаи Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистонро дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG