Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев бархе аз "тундгароён"-ро афв кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар робита ба таҷлили 27-солагии қабули Қонуни асосии он кишвар қонуни авф қабул кард.

Дар асоси ин қонун 92 шаҳрванди он кишвар, аз ҷумла 79 касе, ки бо айбҳои марбут ба иштирок дар фаъолияти гуруҳҳои мамнуъ зиндонӣ шуда буданд, авф мешаванд.

Аз маҷмуи авфшудаҳо 20 тан комилан озод ва 37 тани дигар шартан пеш аз муҳлат аз зиндон мебароянд. Ҳукми 16 тани дигар сабук мешавад.

Ба илова, муҳлати ҷазои 19 каси дигар кам мешавад. Миёни авфшудаҳо 3 марди аз 60-сола боло ҳаст.

Вазоратҳо ва муассисаҳои масъул вазифадор шудаанд, ки барои ба хона бар гаштани авфшудаҳо ва бо ҷомеа мутобиқ гардидани онҳо мусоидат кунанд.

XS
SM
MD
LG