Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Трамп ба раҳбари Кореяи Шимолӣ


Раиси ҷумҳури Амрико дар пайи нашри гузоришҳо аз озмоиши нави "низомӣ" дар Кореяи Шимолӣ, ба раҳбари он кишвар ҳушдор дод, "агар ин рафторе аз рӯи душманӣ бошад, дар воқеъ ҳама чизро аз даст хоҳад дод".

Доналд Трамп дар сафҳаи "Твиттер"-и навиштааст, "Ким Чен Ун бисёр зирак аст ва фаротар аз он, бисёр чизҳоро барои аз даст додан дорад, дар воқеъ ҳама чиз, агар рафтори душманонае аз ӯ сар бизанад". Оқои Трамп дар идома гуфтааст, "ӯ созиши мустаҳкаме барои поксозии атомӣ бо ман дар Сингапур имзо кард".

Ишораи раиси ҷумҳури Амрико ба музокироти соли гузашта дар Сингапур аст, ки аз назари таърихӣ, байни раҳбарони ду кишвар, бесобиқа буд ва ба созиш барои ҳаракат дар масири поксозии атомии нимҷазираи Корея анҷомид. Аммо аз он вақт то ба ҳол гомҳои амалии мушаххас ва чашмрас дар ин ҷода бардошта нашудааст.

Раиси ҷумҳури Амрико дар ҳисоби корбарии худ дар "Твиттер" навиштааст, "Кореяи Шимолӣ таҳти раҳбарии Ким Чен Ун зарфияти иқтисодии калоне дорад, аммо ҳамон тавр, ки ваъда дод, бояд даст ба поксозии ҳастаӣ бизанад".

Кореяи Шимолӣ яке аз кишварҳое мебошад, ки бинобар мухолифаташ бо Ғарб, аз аз назари сиёсӣ ва иттилоотӣ ва расонаиву интернет, дар ҳошия қарор гирифтааст.

Пхенян ҳамчунин айни ҳол бо иттиҳомҳои густурда дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар ва эъдому террори мухолифон ва аъзои хонаводаи онҳо рӯбарӯ аст. Ин кишвар ҳамчунин ба хотири барномаи низомии ҳастаӣ ва мушакии худ, таҳти таҳримҳои густурдаи байналмилалӣ қарор дорад.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ рӯзи якшанбе хабар дод, ки ин кишвар "озмоиши бисёр муҳиме" анҷом дод, ки барои "ҷойгоҳи стратегӣ"-и ин кишвар бисёр таъсири муҳиме дорад. Пойгоҳе, ки дар он ин озмоиш сурат гирифт, ҷое аст, ки мақомҳои амрикоӣ гуфта буданд, ки Пхенян ваъдаи бастани онро додааст.

XS
SM
MD
LG