Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аломатҳои созиши ОПЕК барои коҳиши истеҳсол ва афзоиши нархи нафт


Ҷаласаи вазирони кишварҳои узви ОПЕК дар қароргоҳи ин созмон дар Вена ҷараён мегирад

Ҷаласаи ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) бо як созиши эҳтимолан ғайрирасмӣ барои коҳиш додани ҳаҷми истеҳсоли нафт ва боло бурдани нарх дар пасманзари афзоиши захираҳо ва коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ ба анҷом расид. Интизор меравад, ки рӯзи ҷумъа, 6 декабр музокироти кишварҳо дар Вена идома меёбад. Дар охири соли гузашта кишварҳои узви ОПЕК ба мувофиқа омаданд, ки сатҳи истеҳсоли нафт дар ҷаҳонро рӯзона то 1,2 миллион бушка мерасонанд. Ин созиш, ки моҳи декабри соли гузашта ба даст омада буд, дар нишасти июли имсол ҳам бори дигар тасдиқ шуд.

Вазири нафти Эрон Бижан Номдор Зангане шоми 5 декабр ҳангоми тарки толори маҷлис гуфт, “бале, мо ба созиш расидем”. Вале вазири энержии Саудӣ Абдулазиз бин Салмон гуфт, ки созиши ниҳоӣ бояд бо ширкати 10 кишвари дигар дар ҳайати ба истилоҳ ОПЕК+ ҳосил шавад, ки қарор аст дар ҷараёни он 6 декабр, мақомоти Русия ҳам иштирок кунанд.

Дар паи ҷаласаи ахири ОПЕК нархи нафт тақрибан бетағйир мондааст. Як бушка нафти навъи Brent дар атрофи 60 доллар фурӯхта мешавад. Барои Русия ин нарх созгор аст, чунки буҷаи соли 2019-и ин кишвар бо назардошти 42 доллар барои ҳар бушка нафт танзим шудааст. Вале кишварҳои дигари мисли Арабистони Саудӣ ба хотири беҳтар кардани иқтисодашон ба нархи баландтар ниёз доранд.

XS
SM
MD
LG