Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як сокини Душанбе ба гумони фурӯхтани тифли навзодаш


Як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе бо гумони фурӯши тифли навзодаш бо маблағи 1000 сомонӣ, боздошт шудааст.

Мақомоти Вазорати умурии дохилии Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфтааст, ин ҷавонзан рӯзи 5-уми сентябр соли равон дар таваллудхонаи шаҳри Ҳисор духтар ба дунё оварда, дар ҳамин шаҳр ӯро бо маблағи 1000 сомонӣ ба як зани 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ фурӯхтааст.

Бино ба иттилои мақомот, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон соли гузашта аз боз шудани парванда алайҳи 30 нафар бо ҷурми хариду фурӯши одамон хабар дода буд, ки аксарият ба хариду фурӯши кӯдакон айбдор дониста мешаванд. Ин мавридҳо танҳо дар ним солаи аввали соли 2018 сабт шуда буд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, дар аксар маврид онҳое кӯдаки худро мефурӯшанд, ки ё фарзанди бидуни никоҳ ба дунё овардаанд ё аз тангии рӯзгор имкони нигоҳубини тифлро надоранд. Харидорони кӯдакон аксаран оилаҳои ташнаи фарзанд будаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, душвор будани ҷараёни фарзандхонӣ бисёре аз оилаҳои бефарзандро ба ҷиноят тела медиҳад.

XS
SM
MD
LG