Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршикании умумӣ алайҳи тағйири низоми бознишастагӣ Фаронсаро фалаҷ кард


Бо оғози коршикании густурдаи иттиҳодияҳои коргарии Фаронса дар эътироз ба тарҳи ислоҳоти низоми нафақа ё бознишастагӣ, ки аз сӯи ҳукумати Эманнуэл Макрон матраҳ шудааст, рӯзи панҷшанбеи 5-уми декабр бахшҳои калоне аз Фаронса аз ҳаракат бозмонд. Иттиҳодияҳои коргарӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи ин тағйирот, сини бознишастагӣ афзоиш ва маблағи нафақа коҳиш хоҳад ёфт.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", рӯзи панҷшанбе аксари мактабҳо таътил ва ҳаракати мошинҳо, қаторҳо ва автобусҳо қатъ шуд. Дар остонаи баргузории ду раҳпаймоии бузург, ҳазорон нафар дар Порис тазоҳурот карданд. Раҳбарони иттиҳодияҳои коргарӣ эълом кардаанд, ки агар тарҳи Эмммануэл Макрон лағв нашавад, эътирозҳо идома хоҳад ёфт.

Тағйири низоми бознишастагии кишвар яке аз тарҳҳои аслии Макрон барои ислоҳоти васеъ дар иқтисоди Фаронса аст. Мақомоти давлатӣ дар Фаронса гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин ислоҳот, сини бознишастагӣ афзоиш хоҳад ёфт, вале то кунун ҷузъиёти бештари ин тарҳро нашр накардаанд. Дафтари Эммануэл Макрон рӯзи панҷшанбе гуфт, Эдвард Филипп, нахуствазири Фаронса ҳафтаи оянда ва пас аз гуфтугӯ бо раҳбарони иттиҳодияҳо, чаҳорчӯбаи ин тарҳро эълом хоҳад кард.

Ҳаракати ҳудуди 90 дарсад аз қаторҳои зудҳаракат ва қаторҳои оддӣ мутаваққиф шуд ва Air France ҳудуди 30 дарсад аз парвозҳои дохилӣ ва 15 дарсад аз парвозҳои байналмилалии худро лағв кард. Дар Порис ҳаракати қаторҳо дар аксар метроҳои шаҳрӣ мутаваққиф ва ҳаракати қаторҳои атрофи шаҳр низ ба шиддати дучори нобасомонӣ шуд.

Музейҳои аслии шаҳр бинобар камбуди коргарон, дарҳои худро бастанд.

Конфедератсияи умумии кор эълон кард, ки коргарон ҳафт полоишгоҳ аз ҳашт полоишгоҳи кишварро масдуд карданд ва дар сурати идомаи эътирозҳо, мумкин аст кишвар бо камбуди маводи сӯхт рӯбарӯ шавад.

Ҳамчунин "ҷомазардҳо", ки тазоҳуроти ҳафтагии худро барои беҳбуд бахшидани вазъияти зиндагӣ аз соли гузашта оғоз карданд, дар чанд шаҳр роҳҳоро бастанд. Ба гуфтаи Конфедератсияи умумии кор, фаъолият дар баъзе бандарҳои муҳими ин кишвар мутаваққиф шудааст.

Пулис эълом кардааст, ки барои муқобила бо беш аз 250 тазоҳурот, ки қарор аст дар саросари Фаронса баргузор шавад, омодагӣ мегирад. Интизор меравад, ки гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла гурӯҳҳои зиддикапиталистӣ низ дар ин эътирозҳо иштирок кунанд.

Фармондеҳи пулиси Порис гуфт, ҳудуди 6 ҳазор корманди интизомӣ дар ин шаҳр ҷобаҷо хоҳанд шуд ва ба мағозаҳо ва марказҳои тиҷорӣ, ки дар масири тазоҳурот қарор доранд, дастур дода шудааст, ки дарҳои худро банданд. Пулис зӯҳри панҷшанбе эълон кард, ки қабл аз тазоҳуроте, ки қарор буд соати 2-и он рӯз баргузор шавад, 18 нафарро боздошт кардааст.

Ин эътирозҳо барои амалӣ шудани ислоҳоти иқтисодии оқои Макрон, ки яке аз барномаҳои аслии ӯ барои тағйирот дар Фаронса аст, санҷиши муҳиме хоҳад буд. Дар соли ҷорӣ ҳукумати Фаронса бо эътирозҳои густурдаи "ҷомазардҳо" ва ҳамин тавр коршикании кормандони пулис, оташнишонҳо, муаллимон, кормандони бемористонҳо ва вакилон рӯбарӯ будааст. Вале то ба ҳол оқои Макрон тавонистааст аксари ислоҳоти баҳсбарангез дар қонунҳои кор ва андозро амалӣ кунад.

Ҳадафи ӯ аз ислоҳи низоми нафақа, поён додан ба 42 мавриди "системаи бознишастагӣ" аст, ки ба бархе коргарон ва коркунон имкон медиҳад, ки бо маоши зиёдтар ва зудтар аз вақти муқарраршуда бознишаста шаванд. Аммо иттиҳодияҳо мегӯянд, тибқи ин тарҳ миллионҳо нафар аз коркунони бахши хусусӣ маҷбур хоҳанд шуд, ки барои дарёфти маоши комили бознишастагӣ баъд аз 62-солагӣ, ки сини қонунии бознишастагӣ аст, кор кунанд.

XS
SM
MD
LG