Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чеченистон барои медалҳои ба номи Қодиров 4,6 млн руб харҷ мекунад


Мақомоти Чеченистон барои харидории 20 нишону медали ба номи президенти пешини ин кишвар Аҳмад Қодиров 4,6 млн рубл ҷудо кардаанд. Ба иттилои "МБХ медиа", онҳо аз тило ва сангҳои қиматбаҳо сохта мешаванд.

Даҳ медали "Ба ёди Аҳмадҳоҷӣ Қодиров, президенти нахустини Ҷумҳурии Чеченистон" аз тило сохта ва бо сангҳои қиматҳо ороиш дода хоҳанд шуд. Дар рӯи медал акси Аҳмад Қодиров ва дар пушташ сухани ӯ - "ватандӯстиро на бо сухан, балки бо амал бояд нишон дод" оварда мешавад.

Даҳ нишони Қодиров низ аз тило сохта шуда, дар рӯи он акси Аҳмад Қодиров ва дар пушташ навиштаи "Фарзанди мардуми худ" оварда мешавад. Ин медалу нишонҳо бояд то 31 декабр омода шаванд.

Нишони Аҳмад Қодиров мукофоти олии давлатиест, ки соли 2004 дар Чеченистон таъсис дода шуд. Шаҳрдори пешини Москва Юрий Лужков, раҳбари Горди Русия Виктор Золотов ва писари худи Аҳмад Қодиров - президенти Чеченистон Рамзан Қодиров бо он қадрдонӣ шудаанд. Медали Аҳмад Қодиров аз соли 2016 ба ин сӯ тақдим мешавад.

XS
SM
MD
LG