Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РАО/PО: қонуни нави "агентҳои хориҷӣ" ба амнияти рӯзноманигорон хатар дорад


Қонуни нави "агентҳои хориҷӣ"-и Русия фишорҳоро ба садҳо рӯзноманигоре афзоиш хоҳад дод, ки бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/PО) ва тарҳҳои дигари он ҳамкорӣ мекунанд. Ин нукта дар изҳороти президенти РАО/PО Ҷеймӣ Флай омадааст. Ба гуфтаи Флай, қонуни мазкур зидди кори хабарнигорон равона шуда, амнияти онҳоро низ зери хатар хоҳад гузошт.

Радиои Озодӣ дар шаҳри Москва дафтар дорад ва барои бозтоби хабарҳои маҳаллӣ бо рӯзноманигорон аз тамоми манотиқи Русия ҳамкорӣ мекунад. Бахши русии Радиои Озодӣ солҳои ахир барои нашри матлабҳо дар бораи зиндагии сокинони вилоятҳои шимолӣ ва Сибири Русия тарҳҳои нав -- сомонаҳои Шимол.Воқеият ва Сибир.Воқеият боз кардааст.

Хабарнигорони минтақавии Радиои Озодӣ дар бештари маврид аз мушкилоте иттилоъ медиҳанд, ки расонаҳои давлатии Русия нодида мегиранд. "Қонуни нав як навъи талоши хомуш кунонидани рӯзноманигорон ва маҳрум кардани хонандаҳо аз дарёфти иттилоъ ба воситаи манбаъҳои гуногун аст",-изҳор доштааст Флай.

Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 2 декабр тағйирот ба қонун дар бораи ВАО - "агентҳои хориҷӣ"-ро имзо кард, ки ба бовари мунтақидон, барои таъқиби дигарандешон, маҳдудсозии озодии ВАО ва эҷоди монеа ба табодули афкор истифода мешавад.

Тағйироти қабулшуда ба мақомот иҷозат медиҳад, рӯзноманигоронеро ҳам "агенти хориҷӣ" эътироф кунанд, ки дар расонаҳои шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" фаъолият доранд. "Агенти хориҷӣ" шахсони воқеие ҳам унвон мегиранд, ки бо расонаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ва аз онҳо пуштибонӣ ва ё дигар навъи кӯмаки моддӣ дарёфт мекунанд.

Даҳҳо созмони байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch, "Хабарнигорони бидуни марз" ва Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон охирҳои моҳи ноябри соли равон мақомоти Русияро даъват карданд, ки қонунро қабул накунанд.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-и Русия соли 2012 қабул шуд. Дар аввал он ба созмонҳои ғайритиҷорие дахл дошт, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешуданд. Бештари созмонҳои ғайридавлатии Русия дар пайи қабули қонун беҳтар донистанд, ки фаъолиятро қатъ кунанд. Ҳоло ин "унвон" ба Бунёди мубориза бо фасоди мухолифи рус Алексей Навалний ҳам дода шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи рус ин қонунро як навъ фишор ба созмонҳои "нодаркор" меноманд.

XS
SM
MD
LG