Туркманистон содироти нерӯи барқро ба Узбекистон оғоз кард. Ба иттилои ширкати миллии энержии Узбекистон, ин кишвар аз Туркманистон 1 декабр 14,9 миллион квт/соат ва 2 декабр 15,4 миллион квт/соат барқ ворид кардааст.
Ширкати миллии энержии Узбекистон 3 декабр гуфт, истгоҳҳои минтақавӣ аз уҳдаи ҳаҷми нерӯи барқе, ки ҷониби Туркманистон интиқол медиҳад, намебароянд.
Дар натиҷаи аз кор баромадани яке аз хатҳои интиқоли барқ 3 декабр дар чандин ноҳияҳои вилояти Самарқанд сокинон 4 соат бе нерӯи барқ мондаанд.
Пештар ширкати "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ" хабар дод, ки дар робита ба харидории нерӯи барқ аз Туркманистон бо ширкати давлатии "Туркменэнерго" созишнома имзо кард.
"Созишномаи имзошуда миёни ширкатҳои "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ" ва "Туркменэнерго" дар мавриди харидории нерӯи барқ барои солҳои 2019-2020 имкон медиҳад, ки ба сокинони Узбекистон бидуни таваққуф нерӯи барқ интиқол дода шавад",-омадааст дар иттилоияи "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ".
Бо фаросарии фасли сармо қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинони шаҳри Тошканд ва як қатор вилоятҳои Узбекистон мушоҳида мешавад.
Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов 28 ноябр дар як ҷаласа бахшида ба мавзуи таъмини аҳолӣ бо газу барқ ширкатҳои дахлдори кишварашро барои қатъи нерӯи барқи сокинон танқид кард.