Сокинони деҳаи "Бӯстон" дар ноҳияи Элликкалини Қарақалпоқистони Ӯзбекистон рӯзи 1 декабр бо нишони эътироз аз қатъи газ роҳи мошингардро бастанд. Ҳамон рӯз сокинони маҳаллаи "Баркамол"-и шаҳри Фарғона бо айни ҳамин мушкил сӯи бинои ҳукумати шаҳр роҳ гирифтанд. Баъди эътирозҳои сокинон дар ин ду минтақа интиқоли газ аз сар гирифта шуд.
Ҳафтаи гузашта эътирозгарон роҳҳои Андиҷону Нуқусро ҳам ба далели камбуди газ бастанд. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Тошканди Узбекистон гуруҳи вижае таъсис ва ба минтақаҳо ирсол шудааст. Вазифаи ин гуруҳ аз пахши эътирозҳои мардумӣ иборат аст.
Навори роҳбандии сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки даҳҳо зану мард миёни роҳ нишастаанд ва ба убури мошинҳо иҷозат намедиҳанд.
Масъулони ноҳияи Элликкалини Узбекистон гуфтанд, норасоии газ ҳал ва даъвои мардум қонеъ карда шуд.
Дар шаҳри Фарғона ҳам гуфтанд, талаби мардум қисман қонеъ шуд. Як манбаъ дар шаҳри Фарғона хабар дод, ки баъди эътирози сокинон расидани гуруҳи вижа аз шаҳри Тошканд дар назар аст. "Гуруҳи вижа пешгирӣ мекунад, ки ин эътирозҳо ба норизоӣ зидди ҳукумати ҷумҳурӣ табдил нашаванд",-гуфт манбаъ.