Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди лағзиши куҳпора дар "Қумтор" ситоди вижа таъсис шуд


Дар робита ба лағзиши куҳпора дар кони тилои "Қумтор" ва нопадид шудани ду коргари ин кон, ситоди вижа таъсис шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон хабар доданд.

Намояндагони ниҳодҳои масъул шомили ин ситод шудаанд. Ҷустуҷӯи коргарони нопадидшуда идома дорад. Дар ҷои ҳодиса 64 наҷотдиҳандаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва 28 коргари ширкати "Қумтор" ба ҷустуҷӯ машғуланд.

"Ҳоло имкон нашудааст, то маконе расем, ки эҳтимол дорад, коргарони нопадидшуда онҷо қарор дошта бошанд. Куҳпораи азиме чаппа шудааст", - гуфт Калис Акматов, муовини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодДаи Қирғизистон.

Субҳи 1 декабр дар кони тилои "Қумтор" лағзиши куҳпора рух дод. Ҳангоми наҷотбахшӣ муайян шуд, ки ду коргар нопадид шудааст.

XS
SM
MD
LG