Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-22) омодагиро ба мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O CupInternational Football Tournament Zhuhai 2019», ки аз 8-ум то 14-уми декабр дар шаҳри Чжуҳайи Чин баргузор мешавад, шуруъ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа бо иштироки чаҳор дастаи мунтахаби олимпӣ аз Малӣ, Сурия, Тоҷикистон ва Чин баргузор мешавад.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) бо раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев, мутахассиси узбекистонӣ, 8-уми декабр бо дастаи мизбон -мунтахаби олимпии Чин, 11-уми декабр бо мунтахаби Малӣ ва 14-уми декабр бо мунтахаби Сурия рақобат мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давра доир мегардад.

Футболбозони тоҷик субҳи 5-уми декабр барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O CupInternational Football Tournament Zhuhai 2019» ба Чин сафар хоҳад кард.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба ин мусобиқа сармураббӣ Усмон Тошев 22 бозигарро аз дастаҳои лигаҳои олӣ ва аввали кишвар – 2 дарвозабон, 5 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар – даъват намудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22):

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Муҳаммадҷон Раҳимов, Саидмухтор Азимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шервонӣ Мабатшоев (ССКА «Помир»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков (ҳама аз «Кӯктош»), Ҳоҷибой Зиёев («Истаравшан»), Парвизҷон Алиев («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Локомотив-Помир»), Шарафҷон Солеҳов (бе бошгоҳ);

Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Маладӯстов («Барқчӣ»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

Даври 1-ум

8-уми декабр (якшанбе)
15:00. Сурия – Малӣ
19:35. Чин – Тоҷикистон

Даври 2-юм

11-уми декабр (чоршанбе)
15:00. Малӣ – Тоҷикистон
19:35. Сурия – Чин

Даври 3-юм
14-уми декабр (шанбе)

15:00. Тоҷикистон – Сурия
19:35. Чин – Малӣ

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - бо вақти Чин.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG