Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барҳамдиҳии ширкатҳои тиҷориро дар Узбекистон осон карданд


Вакилони порлумони Узбекистон қонун дар бораи такмили тартиби барҳамдиҳии субъектҳои соҳибкориро қабул карданд.

Ҳадаф аз қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба бархе аз санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Узбекистон дар робита ба такмилсозии раванди барҳамдиҳии субъектҳои соҳибкорӣ" осон кардани ин раванд, пешгирӣ аз фасодкорӣ аст.

Ҳуҷҷати мазкур ворид кардани тағйиротро ба панҷ қонун ва 2 кодекс пешбинӣ мекунад.

Ба ҷуз ин, дар қонунгузории он кишвар омадааст, ки дар бораи барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар расонаҳо бояд эълон нашр кард. Дар эълони барҳамдиҳӣ тартиб ва муҳлати даъво бурдан ба муассисони ширкат нишон дода шудааст. Ин муҳлат набояд камтар аз ду моҳи пас аз нашри эълонро дар бар гирад.

XS
SM
MD
LG