Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷануби Қазоқистон як маркази тиҷорӣ оташ гирифт


Шаби 1 ба 2 декабр маркази тиҷории "Эврика" дар шаҳри Тарози Қазоқистон оташ гирифт.

Нурсултон Нурахметов, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон гуфт, бинои дуошёна дар кӯчаи Сатпаев соати 1:10 дақиқа оташ гирифт.

"Оташ соати 3:30 дақиқа хомӯш карда шуд. Касе осеби ҷисмонӣ надидааст, сабабҳои сӯхтор муайян мешавад",-хабар дод Нурахметов.

Ба иттилои ин ниҳод, оташ масоҳати 1187 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG