Ширкати "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ" хабар дод, ки дар робита ба харидории нерӯи барқ аз Туркманистон бо ширкати давлатии "Туркменэнерго" созишномаеро имзо кард.
"Созишномаи имзошуда миёни ширкатҳои "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ" ва "Туркменэнерго" дар мавриди харидории нерӯи барқ барои солҳои 2019-2020 имкон медиҳад, ки ба сокинони Узбекистон бидуни таваққуф нерӯи барқ интиқол дода шавад",-омадааст дар иттилоияи "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ".
Бо фаросарии фасли сармо қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинони шаҳри Тошканд ва як қатор вилоятҳои Узбекистон мушоҳида мешавад.
Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов 28 ноябр дар як ҷаласа бахшида ба мавзуи таъмини аҳоли бо газу барқ ширкатҳои дахлдори кишварашро барои қатъи нерӯи барқи сокинон танқид кард.