Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон 16 узви як хонавода аз бӯи газ заҳролуд шуданд


Дар ноҳияи Қибрайи Узбекистон 16 узви як хонавода аз бӯи газ заҳролуд шудаанд. Ба заҳролудшудаҳо ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, касе ҷон набохтааст.

Ба иттилои Департаменти тафтишотии Вазорати умури дохилии Узбекистон, ҳодиса субҳи 1-уми декабр, тахминан соатҳои 05:30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Дар яке аз хонаҳои маҳаллаи "Алишеробод" 16-уми узви хонавода, ки 11 танашон ноболиғанд, аз бӯи газ заҳролуд шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки заҳролудшудаҳо сари вақт ба бемористон интиқол ёфта, касе аз онҳо ба ҳалокат нарасидааст. Дар ҳоли ҳозир дар маҳалли ҳодиса гуруҳи фаврӣ-тафтишотӣ бо сабабҳои рух додани ҳодиса машғул аст.

Дар Узбекистон бо фаро расидани фасли сармо ҳолатҳои заҳролудшавии сокинон аз бӯи газ афзоиш ёфтааст. Тайи як моҳи ахир беш аз 20 кас аз бӯи газ ва дуд заҳролуд шуда, ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG