Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ню-Йорк Таймз" эътирозҳои Эронро "бадтарин" нооромӣ дар 40 соли гузашта хонд


Рӯзномаи амрикоии "Ню-Йорк Таймз" рӯзи якшанбеи 1-уми декабр навишт, ки дар эътирозҳои ахири Эрон ҳади ақал 180 нафар кушта шудаанд. Ин гузориш ҳодисаҳои ахир дар Эронро "бадтарин" нооромӣ дар ин кишвар дар чиҳил соли гузашта хонд.

Мақомоти Эрон аз пешниҳоди шумораи кушташудаҳои эътирозҳои моҳи гузашта худдорӣ мекунанд, ҳарчанд бархе аз онҳо оморҳои ироашуда дар хориҷ аз он кишварро радд кардаанд.

Аз тарафи дигар, тибқи гузоришҳо аз 161 то 366 нафар дар ҷараёни бархӯрд бо эътирозгарон аз сӯи нерӯҳои амниятии мухталиф кушта шудаанд. "Ню-Йорк Таймз" ҳамзамони назари бархе дигар аз нозиронро низ бозтоб додааст, ки мегӯянд шумораи воқеии кушташудаҳо мумкин аст садҳо тан ва бештар аз 450 нафар бошад.

Ин рӯзнома мегӯяд, дар бисёре аз шаҳрҳои калон ва хурд, ки ба гарон шудани қимати бензин эътироз карданд, нерӯҳои амниятӣ ба тарафи эътирозгарони ғайримусаллаҳ оташ кушоданд. "Танҳо дар шаҳри Моҳшаҳр, шоҳидон ва мақомҳои кӯмакрасон аз кушта шудани 40 то 100 нафар ба дасти нерӯҳои Сипоҳ, хабар доданд, ки бисёре аз онҳо ҷавон буданд".

Ин рӯзнома дар бахше аз гузориши худ ба таври мушаххас ба ҳодисаи маргбори Моҳшаҳр ишора карда ва изҳороти шуморе аз сокинон ва эътирозгаронро нашр намудааст. Бархӯрд бо эътирозгарон дар ин шаҳр, тайи рӯзҳои гузашта дар сархати бисёре аз расонаҳо қарор гирифт, аз ҷумла куштори эътирозгарон, ки барои фирор аз нерӯҳои амниятӣ ба як маҳали амн паноҳ бурда буданд. Ин масъала ҳатто дар порлумони Эрон баҳсу баррасӣ шуд.

"Ню-Йорк Таймз" мегӯяд, дар шаҳрҳое монанди Шероз ва Шаҳриёр низ даҳҳо тан дар натиҷаи тирандозии нерӯҳои амниятӣ ба эътирозгарони ғайримусаллаҳ, кушта шудаанд.

Ин рӯзномаи амрикоӣ мегӯяд, таҳаввулоти нав дар Эрон на танҳо баёнгари хашм ва норозигии дохилӣ аз ҳукумат, балки баёнгари чолишҳои ҷиддии сиёсӣ ва иқтисодии ин кишвар аст -- аз таҳримҳои ҳукумати Трамп то афзоиши норизоятӣ ва эътирозҳо алайҳи Ҷумҳурии исломӣ дар кишварҳои Ховари Миёна.

Ин рӯзнома мегӯяд, бисёре аз эрониёни норозӣ, хашми худро ба таври мустақим ба сӯи раҳбари Ҷумҳурии исломӣ Алии Хоманаӣ равон кардаанд. "Ню-Йорк Таймз" ба нақл аз таҳлилгарони сиёсӣ ин эҳтимолро матраҳ кардааст, ки Эрон дар ду соли оянда шоҳиди бозгашти гурӯҳҳои тундрав ба порлумон ва ҳукумат хоҳад буд.

Таҳлилгарон ба ин рӯзнома гуфтаанд, вокунишҳои хушунатбор ба эътирозгарон, эҳтимолан нишонае аз амиқтар шудани шикофе аст, ки байни раҳбарони Ҷумҳурии исломӣ ва бахши калоне аз аҳолии 83- миллион нафарии ин кишвар, шакл гирифтааст.

Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ дар эътирозҳои ахири Эрон, кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Амрико, Исроил ва Арабистони Саудиро дахил медонанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG