Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Ҳонгконг


Пулиси Ҳонгконг ҳазорҳо эътирозгареро пароканда кард, ки рӯзи якшанбе дубора ба кӯчаҳо баромада буданд. Сокинони Ҳонгконг рӯзи якшанбе бо шиори "озодии Ҳонгконг" дубора ба кӯчаҳо баромаданд. Пулис чандин эътирозгарро боздошт кард.

Дар Ҳонгконг тайи як ҳафтаи ахир бетарбиҳо сурат нагирифта буд. Рӯзи якшанбеи гузашта дар ин минтақа интихобот баргузор шуда, дар он намояндагоне пирӯз шуданд, ки ҷонибдори тағйироти демократӣ ва коҳиши нуфузи Чин дар Ҳонгконг ҳастанд.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, фаъолони Ҳонгконг мегӯянд, эътирозҳои зиддиҳукуматиро идома хоҳанд дод. Дар Ҳонгконг эътирозҳо моҳи июни соли равон оғоз шуда, бо баста шудани ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои тиҷорӣ, муассисаҳои таълимӣ ва фурудгоҳи байналмилалӣ анҷомиданд.

XS
SM
MD
LG