Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби лавҳаи "кишвар аз сараш мепусад" дар Алмато


Дар шаҳри Алмато афроди ношинос лавҳаеро бо истинод ба унвони президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев - "елбасӣ" (пешвои миллат) насб кардаанд, ки дар он навишта шудааст, "кишвар аз сараш мепусад".

Бино ба хабарҳо, лавҳа бо навиштаи "Ел басынан шіриді" (Кишвар аз сараш мепусад) дар чорроҳаи хиёбонҳои Шаляпин ва Саин 1 декабр насб карда шудааст. Дар Қазоқистон ин рӯз -1 декабр Рӯзи президенти нахустин ва истироҳат эълом шудааст.

Масъулияти насби лавҳаро касе ба зимма нагирифтааст. Вале гуруҳи мухолифи "Rukh2k19" дар Instagram видеои кутоҳеро бо хэш-теги #qazaqkoktemi (баҳори қазоқӣ) нашр кардааст, ки дар он лавҳаи мазкур дида мешавад.

Мунаққидон Рӯзи президенти нахустини Қазоқистонро ба парастиши шахсияти Назарбоеви 79-сола рабт медиҳанд, вале ҷонибдоронаш мегӯянд, таҷлили ин рӯз як навъи эҳтиром ба раисҷумҳури нахустин аст.

Унвони "пешвои миллат"-ро ба Назарбоев соли 2010 порлумони Қазоқистон дод ва он ба Назарбоев ва хонаводааш дахлнопазирии якумриро аз таъқибҳои ҷиноӣ медиҳад.

Аз 19-уми марти соли 2019 Нурсултон Назарбоеви 79-сола аз мақоми президенти Қазоқистон канор рафт ва танҳо вазифаи раиси Шӯрои амниятро барои худ гузошт. Пеш аз ин дар поёни соли 2017 порлумони Қазоқистон ба Назароев ҳаққи якумрии раёсат дар Шӯрои амниятро дода буд.

Пас аз истеъфои Назарбоев, раиси пешини порлумон Қосимҷомарт Тоқаев президенти Қазоқистон шуд.

XS
SM
MD
LG