Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳукми ҳабси ҳамсафони президенти пешини Қирғизистон тамдид шуд

Фарид Ниёзов, роҳбари пешини дастгоҳи президенти Қирғизистон то ду моҳи дигар дар ҳабс мемонад. Дар ин бора аз додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар доданд.

Фарид Ниёзов, инчунин Кияз Смаилов ва Амонтур Жамгариев - тарафдорони Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон - то 9 феврали соли 2020 дар ҳабс хоҳанд монд. Пештар ҳукми боздошти онҳо то 9 декабр тамдид шуда буд.

Онҳо дар гаравгонгирии шаш корманди гуруҳи "Алфа"-и КДАМ айбдор мешаванд. Вакилони порлумон Ирина Карамушкина ва Асел Кодуранова ҳам бо айни ҳамин иттиҳом айбдор мешаванд. Ин ду вакил ба ҳабси хонагӣ гирифта шудаанд.

Дар натиҷа рӯзҳои 7-8 августи соли равон дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи он даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, ба ӯ то 26 соли зиндон таҳдид мекунад. Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҷо Байден дар мақоми президенти 46-уми ИМА савганд ёд кард. Пахши зинда

Дар шаҳри Вашингтон маросими савгандёдкунии президенти 46-уми ИМА Ҷо Байден ҷараён дорад. Ӯ дар интихоботи 3-юми ноябри соли 2020 бар рақибаш Доналд Трамп пирӯз шуд.

Пахши мустақими маросим дар ТВ Настоящее время:

Байден дар маросими ботантанае, ки дар назди Капитол баргузор шуд, ҳамроҳ бо муовини президент Камола Ҳаррис – аввалин зан дар мақоми муовини президент ва намояндаи аққалиятҳо савганд ёд кард. Худи Ҷо Байден, ки 78 сол дорад, кӯҳансолтарин сиёсатмадори амрикоист, ки ба баландтарин мақоми давлатӣ интихоб шудааст. Ӯ президенти 46-уми ИМА шуд.

Матраимов фамилияашро тағйир дод

Raimbek Matraimov - journalist Shaista Shatmanova - collage for news

Собиқ муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Раимбек Матраимов баъди он ки ба хотири нақшаш дар эҳтимоли ғайриқонунӣ аз кишвар берун бурдани садҳо миллион доллар исмаш дар феҳристи таҳримҳои Магнитскии ИМА ворид карда шуд, фамилияи худ ва ҳамсарашро тағйир дод. Сухангӯи хадамоти қайди расмии Қирғизистон Дамира Азимбоева рӯзи 20 январ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Матраимов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова исми падарии худро иваз кардаанд. Айни замон, ӯ гуфт, ки ба хотири махфӣ будани нашри ҷузъиёти марбут ба маълумоти хусусӣ дар қонунҳои кишвар, ҳақ надорад номҳои нави ин ду нафарро фош кунад.

Бо ин вуҷуд, рӯзи 15 январ додраси додгоҳи Бишкек муҳокимаи шикояти Матраимов дар муқобили Бахши Қирғизии Радиои Озодӣ – “Азаттик”, хабарнигори он Алӣ Токтакунов ва вебсайти хабарии Kloop-ро ба таъхир гузошт. Додрас Ҷилдиз Ибраимова он рӯз гуфт, ки Раимбек Матраимов фамилияи худро ба Исмоилов ва ҳамсараш Уулкан Турғунова ба Сулаймонова иваз карданд. Додрас гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ баъди он идома меёбад, ки Матраимов ва ҳамсараш санадҳои расмӣ дар бораи тағйири қонунии номашонро пешкаш кунанд.

Оғози моҳи декабр вазорати молияи ИМА эълон кард, ки Матраимовро барои нақшаш дар фасоди азим ва сохтани нақшаи пулшӯӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ таҳрим мекунад.

Дар изҳороти вазорати молияи ИМА омадааст, ки Матраимов ва ширкаташ дар нақшаи 700-миллиондолларӣ даст дорад, ки аз роҳи ришвахории мақомот барои фирор аз пардохти молиёти гумрукиву қонунҳо ва ҳам пулшӯӣ ба хотири даромадҳои ҳангуфт ҳосил шудааст. Таҳримҳои зидди Матраимов ба Қонуни Магнитский мувофиқат мекунанд. Ин қонун соли 2012 дар ИМА барои муҷозоти афроде қабул шудааст, ки даст ба нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон ваё фасоди фавқулодда калон мезананд.

Дар як таҳқиқоти журналистии муштараке, ки аз ҷониби журналистони Радиои Озодӣ, Тарҳи таҳқиқи ҷиноёти созмонёфта ва фасод ва вебсайти Kloop анҷом шуда моҳи июни соли 2019 нашр шуд, нақши Матраимов дар як фасоди калони молӣ фош мешавад. Журналистон роҳҳои аз Қирғизистон бо кӯмаки Айеркен Сарматӣ, як тоҷири уйғуртабори чинӣ ба берун бурда шудани пулҳоро фош карданд. Сарматӣ ноябри соли 2019 дар Истамбул кушта шуд. Моҳи октябри соли 2020 Матраимов боздошт ва ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Он замон мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки Матраимов розӣ шуд тахминан 2 миллиард сом (муодили 23,5 миллион доллар)-ро ҳамчун зиёни воридшуда ба давлат бипардозад ва 80 миллион сом (тахминан 1 миллион доллар) ба ҳисобҳои давлат бозпас гардонида шуд.

Клара Сооронқулова, собиқ додраси Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон рӯзи 20 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бовар дорад Матраимов ва ҳамсараш бо роҳи тағйир додани фамилияи худ мехоҳад аз таҳримҳои ҷорикардаи ИМА фирор кунанд.
Сооронқулова гуфт, “ба бовари ман, баъди ворид шудани исми ӯ ба Қонуни Магнитский, бисёр дарҳо дар саросари ҷаҳон ба рӯи онҳо баста мешавад. Ҳоло барояшон мушкили зиёд мешавад, то ки дороиҳои худро ба номи худ нигаҳ доранд”.

Худи хонаводаи Матраимов ё ҳуқуқшиносонаш дар заминаи тағйири ном кардани онҳо ҳеҷ шарҳе надодаанд.

Нахустин марказ барои наҷотдиҳандагони Осиёи Миёна дар Тоҷикистон таъсис меёбад. ВИДЕО

Рӯзи сешанбеи 19-уми январ дар минтақаи Қаратоғи Тоҷикистон сохтмони нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ дар Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд. Дар ин марказ ҳамзамон наҷотдиҳандагони Афғонистон низ метавонанд таълим бигиранд, зеро офтаҳои табиӣ дар ин кишвар мушобеҳи ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон будааст.

Бунёди нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ дар харобаҳои қисми низомии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар масоҳати 28 гектар шурӯъ шуд. Марҳилаи дувуми ин марказ бунёди тамрингоҳ барои наҷотдиҳандагон дар шароити куҳистонро дар назар дорад.

Қарор аст, марҳилаи аввали сохтмони тамрингоҳ ва маркази омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони ҳолатҳои фавқулодда то моҳи ноябри соли ҷорӣ ба анҷом расад. Марҳалаи аввали бунёди маркази омӯзиширо ширкати сохтмонии "Осиё" бар ӯҳда дорад.

Дар ин маросим генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳадафҳои таъсиси ин марказ изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ки сохтмони тамрингоҳ ва маркази омузишӣ дар ду давр анҷом хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, даври аввал бунёд ва таъмири кулии биноҳои таълимӣ, бинои маъмурӣ, меҳмонхона, гузаргоҳи назоратӣ, ҳамчунин бунёди шабакаҳои барқрасонӣ, оби ошомиданӣ ва гармидиҳӣ, шабакаҳои коррезӣ ва ободкории ҳудуди маркази таълимӣ, хариди мебел ва таҷҳизотро фаро мегирад.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ генерал Назарзода гуфт, ки барои иҷрои комили умури сохтмонӣ дар ин марказ ҳудуди се миллион евро сармоя зарур аст. Ҳоло танҳо марҳилаи аввали сохтмони ин марказ шурӯъ шуд ва Иттиҳоди Аврупо тавассути Дафтари намояндагии барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон як миллион евро ихтисос дода, талошҳо барои ба даст овардани сармояи боқимонда идома дорад.

Оғози сохтмони нахустин Маркази омӯзиши наҷотдиҳандагон дар Осиёи Миёна
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Мерилин Йосефсон, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар тӯли ҳамаи солҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон ин созмон бори нахуст бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Муҳаммадзоҳири Ағбар, Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, мавқеи ҷуғрофии ду кишвар низ далели он аст, ки сокинони Тоҷикистону Афғонистон бо хатарҳои мушобеҳи табиӣ рӯбарӯ ҳастанд.

Ба ин далел, Муҳаммадзоҳири Ағбар гуфт, ки Афғонистон ҳамеша дар орзуи ин амр буд, ки наҷотдиҳандагони ин кишвар тавонанд дар шароити Тоҷикистон роҳҳои рафъи хатарҳо ва наҷоти ҷони инсонҳо дар офатҳои табииро биомӯзанд

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад.

Ҳамасола Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ, монанди селобҳову заминларза ва тармафароӣ даҳҳо миллион сомонӣ хисороти молӣ бардошта, даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Трамп Кохи Сафедро тарк кард. Байден баъди чанд соат вориди он мешавад. АКС

Вашингтон, 20 январи соли 2021. Президент Доналд Трамп ва хонуми аввал Мелания Трамп Кохи Сафедро тарк мекунанд

Дар Вашингтон, дар пайи як маъракаи хеле пурбаҳси интихоботӣ ва давраи гузор дар таърихи Амрико, демократ Ҷо Байден нисфирӯзии 20-уми январ дар Капитол ба ҳайси президенти 46-уми ин кишвар савганд ёд мекунад.

Маросими савгандёдкунӣ дар шароити сахти амниятӣ баргузор мешавад ва Байдени 78-сола кӯҳансолтарин президент дар таърихи Амрико мешавад, ки вориди Кохи Сафед хоҳад шуд. Аввалин бор дар таърихи 152-сола, президенти рафтаистода дар маросими савгандёдкунӣ иштирок намекунад.

Субҳи 20-январ президент Доналд Трамп ҳамроҳ бо ҳамсараш ва бонуи аввали кишвар Мелания Трамп Кохи Сафедро тарк карданд.

Трамп Кохи Сафедро барои бори охир баъди соати 8:15 тарк кард ва тавассути чархбол дар 10 дақиқа ба пойгоҳи Эндрюс расид. Дар маросими худоҳофизӣ дар баробари аҳли оилаву хайрхоҳонаш Трамп гуфт, “Барои ман ифтихори калон буд, ки ҳамчун президенти шумо хидмат кунам. Ҳазор раҳмат”. Ӯ бо истифода аз як истилоҳи варзишгарон гуфт, ӯву маъмурияташ “ҳамаро дар майдон гузоштем” (ишора ба он маъно, ки ҳама кор буд шудааст) ва афзуд: “Мо дигар намегӯем, ки “кош, беҳтар кор мекардем”. Ӯ бидуни бурдани номи Ҷо Байден, ки то охир ӯро бо пирӯзиаш табрик накарду ғалабаи ӯро эътироф накард, танҳо гуфт, ки ба маъмурияти нави Кохи Сафед муваффақият орзу мекунад. Трампу оилааш ба иёлати Флорида парвоз карданд, то ки он ҷо зиндагиро ҳамчун шаҳрвандони қаторӣ идома диҳанд.

Муовини президент Доналд Трамп – Майк Пенс гуфт, ки дар ин маросими савгандёдкунии Ҷо Байден ҳозир мешавад ва бисёр ҷумҳурихоҳҳои дигар ҳам ҳамин корро хоҳанд кард.

Қарор аст, дар маросими савгандёдкунии Ҷо Байден президентони гузашта – Ҷорҷ Буш, Билл Клинтон ва Барак Обама иштирок кунанд.

Собиқ президент Ҷимми Картери 96-сола гуфтааст, дар ин маросим ширкат карда наметавонад. Дар рӯзи 20-уми январ бо савгандёдкунии Камала Ҳарриси 56-сола дар мақоми муовини президент ҳодисаи нави таърихӣ рӯй медиҳад, чун ӯ аввалин зан ва намояндаи ақаллиятҳои Амрико аст, ки дар ин мақом ифои вазифа мекунад.

Дар остонаи савгандёдкунӣ Байден ва Ҳаррис дар як маросиме иштирок карданд, ки барои гиромидошти хотираи 400 ҳазор қурбонии коронавирус дар Амрико ташкил шуда буд.

Даъвати Аврупо аз ИМА: Равобити дуҷонибаро таҷдид бикунем

Брюссел, 20 январ. Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо

Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо аз ИМА ва ИА хост, ки дар заминаи равобити дуҷониба “як аҳдномаи наве” имзо кунанд. Шарл Мишел чунин даъватро аз Ҷо Байден кард, ки қарор аст имрӯз дар мақоми президенти ИМА савганд ёд бикунад. ИА ва ИМА қудратҳои азимтарини тиҷоратии ҷаҳонӣ буда, равобити наздики фарҳангиву таърихӣ, тиҷоративу дифоӣ доранд, вале президенти рафтаистода Доналд Трамп Иттиҳоди Аврупоро канор гузошта, аз ҳайати он хориҷ шудани Бритониёро пуштибонӣ кардааст. Мишел гуфт, ки “имрӯз вақти он расидааст, ки равобити байниатлантикии мо, ки дар давоми чор соли гузашта хеле осеб дид, бозбинӣ шавад”. Мишел гуфт, ки даъват мекунад “ба хотири эҷоди Аврупову Амрикои қавитар, як ӯҳдадории наве қабул кунем”. Айни чунин паёмро Урсула вон дер Лейен, раиси Комиссиюни Аврупо ҳам баён кардааст. Ӯ гуфт, дар навбати аввал бояд як шӯрои муштараки фанновариҳои муштарак созмон ёбад, то ки бо танзими шакли ҷаҳони рақамӣ машғул шавад.

Баъди чор сол сагҳо ҳам бо соҳибонашон ба Кохи Сафед бармегарданд

Ҷо Байден бо сагаш Меҷор дар Анҷумани башарии Делавер

Баъди чор сол дар паҳлӯи соҳибонашон сагҳо ҳам ба Кохи Сафед бармегарданд. Ҳамроҳ бо ҳамсарон Ҷо ва Ҷилл Байден рӯзи 20-уми январ ба Кохи Сафед сагҳои онҳо Меҷор ва Чемп ҳам мекӯчанд. Аз соли 1860 ба ин тараф Доналд Трамп танҳо президенти Амрико буд, ки на саг, на гурба ва ҳеҷ ҷонвари дигари хонагӣ надошт. Солҳои 1920 президент Келвин Кулиҷ ҳатто енотро ҳамчун ҷонвари хонагӣ дар Кохи Сафед нигаҳ медошт. Меҷор саги овчарка буда, аввалин навъи сагҳои наҷотдиҳанда аст, ки дар Кохи Сафед зиндагӣ хоҳад кард. Оилаи Байден ин сагро соли 2018 аз Анҷумани башарии Делавер гирифта буд. Ин созмон дар изҳороте гуфт, ки зиндагии нави Меҷор баёнгари он аст, ки “ҳар саг метавонад ба орзуи Амрико даст ёбад”. Чемп, ки ҳамчунин овчарка аст, аз соли 2008 дар оилаи Байден зиндагӣ мекунад.

Соли 2019 маълум шуд, ки дар саросари ИМА 67 дарсади аҳолӣ дар хонаашон ҳатман як навъи ҷонваре дорад. Сӣ сол пеш аз ин ин омор 56 дарсад будааст, мегӯяд Анҷумани маҳсулоти ҷонварони хонагӣ.

Шурӯи эмкунии оммавии воксинаи чинии Sinopharm дар Сербия

Белград, 19 январ. Пажӯҳишгоҳи вирусологии Сербия. Златибор Лончар, вазири беҳдошти Сербия аввалин сокини кишвар шуд, ки воксинаи чинии Sinopharm-ро қабул кард

Сербия аввалин давлати аврупоӣ шуд, ки бо истифода аз воксинаи чинии Sinopharm сокинонашро бар зидди COVID-19 эм мекунад. Дар шаҳри Белград навбати калони кормандони соҳаи беҳдошт ва садҳо низомиён саф кашидаанд. Златибор Лончар, вазири беҳдошти Сербия, ки дар пахши зиндаи телевизионӣ аввалин шуда воксина гирифт, гуфт, ки ин кор “танҳо роҳи бозгашт ба ҳаёти маъмулӣ аст”. Ӯ воксинаро ҳамчун “бисёр амн” таъриф кард. Воксинаи Sinopharm дар бисёр кишварҳои ғарбӣ баҳсбарангез шуд. Чин ин воксинаи сохтаи ширкати Sinopharm's BIBP-ро соли гузашта ба қайд гирифт. Ҳеҷ иттилое дар бораи фоидаи он нашр нашудааст, вале ширкати BIBP гуфтааст, ки бар асоси иттилои дохилӣ, муассирияти ин воксина 79 дарсадро ташкил додааст. Воксинаҳои сохтаи ширкатҳои ғарбии Pfizer/BioNTech ё Moderna дар озмоишҳо нишон додаанд, то 95 дарсад фоидаовар будаанд.

Суханронии Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ

4 сентябри соли 2020 Светлана Тихановская бори аввал аз шаҳри Вилнюс истода дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ кард

Раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская ҳафтаи ҷорӣ дар Шӯрои амнияти СММ дар бораи саркӯбҳои идомаёбандаи эътирозгарон ва матбуоти мустақил дар Беларус суханронӣ хоҳад кард. Тими матбуотии Тихановская дар Телеграм-канали худ гуфт, ки дар суханронии рӯзи 22-юми январ мавзӯи фаъолони зиндонӣ матраҳ хоҳад шуд. Инчунин Тихановская масъалаи шурӯи таҳқиқоти байналмилалии ҷиноятҳои (режими президент Александр Лукашенко)-ро бардошта дар як ҷаласаи расмии Шӯрои амният дар бораи бӯҳрони Беларус суханронӣ мекунад”, омадааст дар хабарнома.

Аз замони саркӯбҳои эътирозгарони режими Лукашенко, ки аз интихоботи баҳсбарангези президентии 9 август шурӯъ шуд, ин бори дуюм аст, ки Тихановская дар Шӯрои амнияти СММ суханронӣ мекунад. Тихановская - як номзади интихоботӣ ва тарафдоронаш мегӯянд, ки ӯ дар асл дар инртихобот пирӯз шуд, вале Лукашенко натиҷаҳоро ба манфиати худ тақаллуб кард. Дар саркӯбҳои идомаёбанда дар Беларус ҳазорҳо нафар боздошт ва садҳо нафар шиканҷа шудаанд. ИА ва ИМА интихоби навбатии Лукашенкоро эътироф намекунанд.

Чин иттиҳомоти ИМА дар бораи наслкушии уйғурҳоро рад кард

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ҳуа Чунйин

Чин изҳороти ИМА дар бораи дар наслкушии қавми уйғур ва дигар ақаллиятҳо гунаҳгор кардани Пекинро ҳамчун “як пора коғази бекора” рад кард.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ҳуа Чунйин рӯзи 20-уми январ дар як нишасти матбуотӣ дар Пекин гуфт, ки иттиҳомоти озори гурӯҳҳои аққалияти мусалмон дар вилояти Шинҷони Чин ба шакли наслкушӣ “ҳеҷ гоҳ дар гузашта, имрӯз ва оянда рӯй надодааст ва рӯй нахоҳад дод”.

Посухи ӯ дар ҳоле садо дод, ки котиби давлатии амалкунандаи ИМА Майк Помпео Чинро дар “наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият” дар нисбати уйғурҳову дигар аққалиятҳои мусалмон ва сокинони бумии вилояти Шинҷон гунаҳгор кард. Помпео 19-уми январ, як рӯз пеш аз анҷоми мӯҳлати кораш дар Кохи Сафед гуфт, “бовар дорам, ки он ҷо наслкушӣ ҷараён дорад ва мо шоҳиди кӯшишҳои мунтазами хароб кардани уйғурҳо” таҳти назари Ҳизби коммунистии Чин ҳастем.

Ба ҳисобҳои СММ, дар Шинҷон дастикам 1 миллион уйғурҳову дигар намояндагони мусалмонони маҳаллӣ боздошт ва ба “марказҳои зиддитеррористӣ” ҷой карда шуданд. Пекин пойфишорӣ мекунад, ки ин муассисаҳо “марказҳои тарбиявиву маълумотгирӣ” ҳастанд, ки ба гуфтааш, ба ин мардум барои “аз терроризм пок шудаву ба ҷомеа пайвастан мусодиат мекунад”.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки зери раҳбарии Ҷо Байден сиёсати Кохи Сафед дар нисбати Пекин тағйир намеёбад. Энтони Блинкен, котиби давлатии ояндаи ҳукумати Байден рӯзи 19-уми январ зимни сӯҳбат дар Кумитаи умури хориҷии Сенат дар бораи “ба лагерҳои консентрасионӣ маҷбуран ҷой кардани мардон, занон ва кӯдакон, талоши бозтарбияи онҳо муносиб ба идеологияи Ҳизби коммунистии Чин”- гуфт. Ӯ афзуд: “Ҳамаи ин баёнгари роҳ додан ба наслкушӣ аст”.

Аз соли гузашта то ба имрӯз ИМА фишорро болои Пекин афзоиш дода, барои поймолкунии ҳуқуқи инсон дар Тайван, Тибет, Ҳонгконг ва баҳри Ҷанубии Чин таҳримҳо ҷорӣ кардааст.

Котиби ояндаи давлатии ИМА аз созиши қавитари ҳастаӣ бо Эрон гуфт

Энтони Блинкен дар назди аъзои Кумитаи умури хориҷии Сенат сӯҳбат мекард. 19 январи соли 2021

Номзад ба мақоми Котиби давлатии ояндаи ИМА гуфт, ки маъмурияти ӯ дар фикри эҷоди созиши “дарозмуддат ва қавитар”-и ҳастаӣ бо Эрон хоҳад буд. Энтони Блинкен, ки дидгоҳҳои худро ба сиёсати хориҷии Амрико дар чор соли баъдӣ арзёбӣ мекард, таъкид кард, ки айни замон барои дастёбӣ ба созиш бо Эрон фурсати бештар лозим мешавад. Зимни суханронӣ дар назди Кумитаи умури хориҷии Сенат 19-уми январ Блинкен гуфт, ки баробари ба кор шурӯъ кардани президенти нав ба иқдомҳои Эрон ҳам нигоҳ хоҳанд кард, то бубинанд, ки то куҷо ба ӯҳдадориҳои худ пойбанд аст. Ин дар ҳолест, ки дар як изҳороти ахираш президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ аз Байден даъват кард, ки ба созиши соли 2015, ки аз он Доналд Трамп соли 2018 берун шуд, баргардад.

Блинкен: "Ҳайратовар аст, ки Путин аз як одам ин қадар метарсад"

Энтони Блинкен, номзад ба мақови Котиби давлатии ИМА.

Номзад ба мақоми Котиби давлатии ИМА Энтонӣ Блинкен гуфт, маъмурияти президенти тозаинтихоби ин кишвар Ҷо Байден талошҳои мақомоти русро барои хомуш сохтани мухолифи сарсахти Кремл Алексей Навалний қотеъона маҳкум мекунад.

"Сухани онҳо, ки назари миллионҳо шаҳрванди Русия аст, бояд дар ин кишвар шунида шавад", - изҳор дошт Блинкен дар ҷаласае, ки аъзои Кумитаи умури хориҷии Сенат номзадии ӯро баррасӣ мекарданд.

Блинкен дар мавриди боздошти Навалний баъди баргашташ ба ватан афзуд, "Ҳайратовар аст, ки Путин аз як одам ин қадар метарсад. Ба фикри ман, ҳоло лаҳзае аст, ки ҳамачиро ошкор месозад".

Номзад ба мақоми Котиби давлатии ИМА ҳамчунин изҳор дошт, ки Русия барои кишвараш манбаи хатар боқӣ мемонад ва маъмурияти нави Амрико ба ин таҳдид ҷиддан таваҷҷуҳ хоҳад кард. "Бисёр масъалаҳо ҳастанд, ки бояд баррасӣ шаванд. Вале ин масъала дар сархати мавзуъҳои маъмурияти нав қарор дорад", - гуфт Блинкен.

Алексей Навалнийро, ки баъд аз муолиҷа аз Олмон баргашт, 18-уми январ бо қарори додгоҳ ба 30 рӯзи ҳабс маҳкум карданд. Полис Навалнийи 44-соларо баъди расиданаш аз Берлин дар назди посгоҳи назорати шиносномаҳои фурудгоҳ боздошт кард. Мақомоти рус гуфтанд, Навалний барои нақзи чандкарати шароити ҳукми шартии зиндон аз соли 2014 аз рӯи иттиҳоми тақаллуб боздошт шуд.

Дар ИМА ва ИА талафот бар асари COVID-19 аз 400 ҳазор бештар шуд

Дар назди як беморхонаи Тотористон. Наздикони гирифторони COVID-19

Дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо шумори талафоти инсонҳо аз COVID-19 аз 400 ҳазор нафар гузашт. Ин омор дар ҳолест, ки дар ин ду қора талошҳо барои суръат бахшидани ҷараёни эмкунӣ бар зидди коронавирус афзоиш меёбад ва айни замон, нигарониҳо аз зуд паҳн шудани шакли нави вирус ҳам вуҷуд дорад.

Ҷо Байден, ки қарор аст имрӯз ба ҳайси президенти нави ИМА савганд ёд кунад, ваъда додааст, ки барномаи азими эмкунии сокинони ИМА-ро дар авлавияти кори худ қарор медиҳад. Дар маросими гиромидошти хотири қурбониҳои COVID-19, ки 19-уми январ дар Вашингтон баргузор шуд, ӯ гуфт, “ба хотири шифо ёфтан мо бояд дар ёд дошта бошем”. Ӯ афзуд: “Миёни ғуруби офтоб ва тирагӣ ин торикиро рӯшан кунем ва хотири онҳоеро, ки аз даст додем, гиромӣ дорем”.

Барои президенти нави ИМА муқобила бо коронавирус, ки танҳо моҳи гузашта ҷони 100 ҳазор нафарро гирифту беморхонаҳоро таҳти фишори афзоянда қарор медиҳад ва ба иқтисод ҳамоно осеб мерасонад, як чолиши азиме хоҳад буд. Дар Иттиҳоди Аврупо ҳам, ки шумори фавтидаҳои аз COVID-19 аз 400 ҳазор нафар гузаштааст, пешбинӣ мешавад, ки 70 дарсади аҳолии иборат аз 446 миллион нафар имкон дорад то миёнаҳои соли ҷорӣ эм карда шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ИА барои нокофӣ будани шумори воксинаҳо мавриди интиқод мебошад.

Як зан дар Узбекистон мехост, дар эътироз ба мусодира шудани хонааш худро оташ занад

Сокини вилояти Фарғонаи Узбекистон Фотима Усмоноваро, ки 15 январ мехост, ба нишони эътироз худсӯзӣ кунад, ҳамсояҳояш наҷот доданд.

Ба гуфтаи Усмоноваи 42-сола, кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистон дар набудани ӯ дари хонаашро шикаста, тамоми чизу чораашро ба кӯча баровардаанд. Усмонова баъди дидани ҳодиса хостааст, худро оташ занад, вале ҳамсояҳояш ӯро нагузоштаанд.

Кормандони Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистон 15 январ замоне дари хонаи Усмоноваро шикастанд, ки ӯ барои коре ба шаҳри Тошканд рафта буд. Ба гуфтаи як ҳамсояи Усмонова, маъмурони бюро бо вуҷуди мухолифати онҳо дарро шикаста, вориди хона шуданд.

Фотима Усмонова мегӯяд, моҳи декабри соли 2013 барои хариди хона аз Бонки "Турон"-и Фарғона 80 млн сӯм (7,6 ҳазор доллар) қарз гирифта буд ва бояд ин пулро дар давои 10 сол бо фоизи солонаи 18-дарсадӣ бармегардонд. Бонк низ дар ивази қарз он замон хонаи ӯро, ки 23 ҳазор доллар харидорӣ шуда буд, ба гарав гирифтааст.

Вале бонк ба далели он ки ӯ натавонистааст, соли 2019 ҳудуди 5 моҳ пул пардохт кунад, хонаро дар музояда гузошта, ба каси дигар фурӯхтааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Усмонова, муҳлати пардохти қарзи ӯ соли 2023 ба поён мерасид ва сабаби напардохтани маблағ низ бекор мондани ӯ аст.

Баҳси корманди "Эсхата" ва рӯзноманигори тоҷик

Як дафтари намояндагии бонки "Эсхата" дар шаҳри Бохтар. Акс аз соли 2009
Як корманди маркази хизматрасонии бонки “Эсхата” рӯзноманигори тоҷик Миҷгона Ҳалимоваро ба додгоҳ кашидааст. Хайриддин Шарифзода даъво кардааст, ки журналист Ҳалимова бояд барои паст кардани шаъну шарафи ӯ барояш дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ товон пардохт кунад. Дар ҷавоб Мижгона Ҳалимова низ ба муқобили кормандони ин бонк барои муносибати дағалона ва истифодаи алфози қабеҳ ба додгоҳ ариза супурдааст. Дар ин бора матбуоти маҳаллӣ хабар медиҳад. Баҳси ду ҷониб моҳи октябри соли гузашта ва замоне шурӯъ шуд, ки Миҷгона Ҳалимова мехост аз намояндагии бонки “Эсхата” дар шаҳри Ваҳдат маблағашро бигирад ва дар ин миён байну ӯ ва корманди бонк моҷаро бармехезад. Баҳси ду ҷонибро қарор аст додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба баррасӣ бигирад.

АП: Бархе блогерҳоро барои андозсупорӣ даъват кардаанд

Бархе аз блогерони тоҷик дар сӯҳбат ба оҷонсии “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳоро ба Кумитаи андоз даъват кардаанд. Аз блогерон хоста шудааст, ки дар бораи даромади худ ҳисобот дода андоз супоранд. Як манбаъ дар Кумитаи андоз ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ҳоло тартиби андозситонӣ аз блогерон дар ҳоли таҳия шудан аст. Ба қавли манбаъ, тибқи қонунгузории нави андоз, ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз пардохт намоянд, аз ҷумла блогерон ва онҳое , ки аз интернет фоидаи молӣ мегиранд. Аммо худи блогерон талаби андоз аз онҳоро амали пеш аз вақт арзёбӣ кардаанд, зеро ин намудаи фаъолият нав дар ҳоли рушд аст. Онҳо гуфтаанд, даромади онҳо зиёд нест ва дар сурати талаби андоз аз онҳо, маҷбур мешаванд саҳифаҳояшонро бибанданд. Зимнан аз 16-уми январ дар Тоҷикистон иловаи Кодекси андоз, мавсум ба “андози Google” ҳукми қонунӣ гирифт. Бар пояи он ширкатҳое, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти пулакии интернетӣ мерасонанд, уҳдадор мешаванд, аз даромади худ 18 дарсад “андози арзиши иловашуда” супоранд.

Узбекистон соли 2020 ба Тоҷикистон 60% бештар газ додааст

Акс аз бойгонӣ
Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти тоҷик соли 2020-ум аз Узбекистон бар ивази беш аз 28 миллион сомонӣ гази табиӣ харидааст, ки дар нисбати соли 2019 зиёда аз 60 фоиз бештар мебошад. Ҷониби Узбекистон зимни натиҷагирӣ аз 11 моҳи соли гузашта гуфта буд, ки ба Тоҷикистон 250 миллион метри мукааб газ содир шудааст. Интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон баъди 6 соли танаффус соли 2018 барқарор гардид. Истеъмолкунандаи асосии гази узбекӣ ширкати ТалКо мебошад. Инчунин баъзе корхонаҳои дигар, бахусус Маркази барқу гармидиҳии Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистон ин маводи сӯзишвориро истифода мекунанд. Узбакистон ҳар 1000 метри мукааб гази табииро ба Тоҷикистон бо нархи 120 доллар мефурӯшад, ки ин нисбат ба нархи он дар бозори ҷаҳонӣ тақрибан 30 доллар камтар аст.

Намояндагии ВКД-и Русия оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон корро аз нав шурӯъ кард

Мардум дар назди сафорати Русия дар Тоҷикистон. Акс аз тобистони соли 2013
Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия оиди масъалаҳои муҳоҷират фаъолияти худро аз имрӯз дар Тоҷикистон дигарбора оғоз кардааст. Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо нашри як эълон мегӯяд, номанависӣ барои қабули шаҳрвандон тариқи онлайн сурат хоҳад гирифт. Намояндагии ВКД-и Русия барои ширкат дар барномаи давлатии кӯчбандӣ ва ё “Переселение” мусоидат мекунад. Онҳое, ки бар асоси барномаи “Переселение” мекӯчанд, ба 61 минтақаи мавриди назари ҳукумати Русия сафарбар мешаванд. Ин барномаи давлатӣ аз соли 2007 ба ин сӯ амал мекунад ва тӯли ин солҳои фаъолияташ, бино ба иттилои расмии мақомоти Русия, садҳо ҳазор нафар аз ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ тавонистанд шаҳрвандии ин кишварро қабул кунанд. 6 ҳазор зодагони Тоҷикистон ҳам бар асоси ҳамин барнома шаҳрванди Русия шудаанд.

Қадрдонии ду тоҷик дар Русия барои сӯхторхомӯшкунӣ

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи фавқуллодаи Русия ду зодаи Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд, барои кӯмак дар сӯхторхомӯшкунӣ қадрдонӣ кардааст. Ин ду ҷавон Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров дар аввали моҳи декабр шоҳиди сӯхтор дар як бинои истиқоматӣ шуданд. Сабаби сӯхтор таркиши балони газ шуд. Зариф ва Фаррух ҳамроҳи ҳамсояҳо ба кӯмаки бошандагони ин бино шитофта онҳоро аз алангаи оташ берун кашиданд. То расидани наҷотбахшон ин ду нафар ба хомӯш кардани сӯхтор идома доданд. Зариф Ниёзов 14 сол инҷониб дар Русия ба сар бурда шаҳрвандии он кившарро дорад. Фаррух Умаров ба ҳайси таксирон кор мекунад.

Маросими савгандёдкунии Байден дар шароити сахти амниятӣ баргузор мешавад

Ҷо Байден дар Делавар, 19 январ

Дар Вашингтон дар паи як маъракаи хеле пурбаҳси интихоботӣ ва давраи гузор дар таърихи ИМА, демократ Ҷо Байден нисфирӯзии 20-уми январ дар Капитол ба ҳайси президенти 46-уми ин кишвар савганд ёд мекунад. Маросими савгандёдкунӣ дар шароити сахти амниятӣ баргузор мешавад ва Байдени 78-сола кӯҳансолтарин президент дар таърихи ИМА мешавад, ки вориди Кохи Сафед хоҳад шуд. Аввалин бор дар таърихи 152-сола, президенти рафтаистода дар маросими савгандёдкунӣ иштирок намекунад, дар ҳоле, ки президентони гузашта – Ҷорҷ Буш, Билл Клинтон ва Барак Обама ҳузур хоҳанд дошт. Собиқ президент Ҷимми Картери 96-сола гуфтааст, ки дар ин маросим иштирок карда наметавонад. Мувоини президент Доналд Трамп – Майк Пенс гуфт, ки дар ин маросим ҳозир мешавад ва бисёр ҷумҳурихоҳҳои дигар ҳам ҳамин корро хоҳанд кард. Дар рӯзи 20-уми январ бо савгандёдкунии Камала Ҳарриси 56-сола дар мақоми муовини президент ҳодисаи нави таърихӣ рӯй медиҳад, чун ӯ аввалин зан ва намояндаи аққалиятҳои Амрико аст, ки дар ин мақом ифои вазифа мекунад. Дар остонаи савгандёдкунӣ Байден ва Ҳаррис дар як маросиме иштирок карданд, ки барои гиромидошти хотири 400 ҳазор қурбонии коронавирус дар ИМА ташкил шуда буд.

Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон ду мактаб месозад

Акс аз сафорати Ҷопон: сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Tакаюки Миясита ва раисони ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод – Парвиз Акрамзода ва Бобишо Холзода

Дар сафорати Ҷопон дар Душанбе рӯзи 20-уми январ маросими имзои созишномаи грантӣ бо арзиши беш аз 180 ҳазор доллар баргузор шуд. Бар асоси ин созиш, қарор аст ду мактаб дар деҳаи Саидалӣ Табарови ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода ва ҳам деҳаи Очилдии ҷамоати ба номи Чашмасори ноҳияи Файзобод бунёд шавад. Қарордоди грантиро сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Tакаюки Миясита ва раисони ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод – Парвиз Акрамзода ва Бобишо Холзода имзо карданд. Гранти мазкур дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ тақдим мешавад, омадааст дар иттилоияи сафорати Ҷопон. Сафири Ҷопон дар ин маросим гуфтааст, ки “ҳукумати Ҷопон бо мардуми тоҷик дар бисёр бахшҳои ҳамкорӣ мекунад, бахусус дар бахши маориф. Ин ба он хотир аст, ки мо, ҷопониҳо, медонем, ки маориф асоси рушди миллии таърихи кишвари мо будааст”. Дар иттилоияи сафорат гуфта шудааст, ки аз соли дар чаҳорҷӯби ёриҳои бебозгашти амнияти башарӣ барои қишрҳои васеи аҳолӣ, ҳукумати Ҷопон 421 тарҳро бо арзиши 34 миллион доллар пуштибонӣ карда, то ҳол 50 мактабро дар ин кишвар сохтааст.

Олимпиада дар Ҷопон ҳамчун рамзи пирӯзӣ бар пандемия баргузор мешавад

Сарвазири Ҷопон Ёсихидэ Суга азми худро барои баргузор кардани Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио тибқи нақша изҳор кард. Ҳамин тариқ, кишвар пирӯзӣ бар сирояти коронавирусро, ки паҳншавии он дар саросари ҷаҳон идома меёбад, эълон мекунад. Дар ин бора Associated press хабар медиҳад.

Ба гуфтаи сарвазири Ҷопон, дар ҷараёни омодагӣ ба ин чорабинӣ тамоми чораҳои зидди вирусӣ амал мекунанд. Гузашта аз ин, ӯ ҳама корро хоҳад кард, ки Бозиҳои олимпӣ дар шароити мусоид баргузор шавад.

"Рӯйдоди асосии варзишӣ далели пирӯзии инсоният бар коронавирус хоҳад буд", - гуфт Ёсихидэ Суга. Ҳамзамон, ӯ хотиррасон кард, ки тартиби эмгузаронии оммавӣ дар кишвар охири моҳи феврал оғоз меёбад. Онҳо маводи дорувории ширкати Pfizer ва BioNTech -ро истифода мебаранд, ки дар ҷаҳон обрӯи начандон баланд ба даст овардааст.

Маълум аст, ки Олимпиада Токио аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 ва Паралимпиада аз 24-уми август то 5-уми сентябр баргузор мешаванд. Бо вуҷуди ин, беш аз 80 фоизи мардуми Ҷопон мутмаинанд, ки Бозиҳои олимпӣ дубора мавқуф гузошта хоҳад шуд.

Маргу мир дар Узбекистон дар соли вабо 13,5 дарсад афзудааст

Акс аз бойгонӣ.

Шумори фавтидагон дар Узбекистон дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 13,5 дарсад афзудааст. Дар ин бора дар Кумитаи омори он кишвар хабар доданд.

Ба ин тартиб, дар соли 2020 дар Узбекистон 175,6 ҳазор марг сабт шудааст.

Сабаби афзоиши маргу мирро дар Узбекистон ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумла кори дилу рагҳо, бемориҳои роҳи нафас, бемориҳои уфунӣ рабт додаанд.

Кумитаи омори Узбекистон иттилоъ надодааст, ки чи теъдод аз ин фавтидаҳо қурбонии коронавирус будаанд ва дар умум дар ин омор мафҳуми коронавирус зикр нашудааст.

Вазорати тандурустии Узбекистон рӯзи 18 январ хабар дод, ки дар он кишвар 620 кас аз коронавирус фавтидааст.

Гумонбарони парвандаи низои қавмӣ дар Қазоқистон мегӯянд, шиканҷа шуданд

Мурофиаи муттаҳамон дар низои қавмӣ дар Қазоқистон.

Яке аз гумонбарони парвандаи ҷанҷоли қавмӣ дар Қазоқистон дар толори додгоҳ ба нишони эътироз ба хушунат алайҳи айбдоршавандаҳои парванда худро захмӣ кард. Як гумонбари дигар гуфт, ӯву чанд ҳамроҳашро шиканҷа кардаанд.

Ба огаҳии додгоҳи Қазоқистон, гумонбар Шамил Харсанов 18 январ баъди анҷоми мурофиа ба китфи тарафи рости худ осеб расондааст. Ин ҳодиса баъди хориҷ шудани додрас аз толор рух додааст. Ҷузъиёти ҳодиса гуфта намешавад.

Харсанов мегӯяд, чандин бор ба додрас муроҷиат карда, кушиш кардааст, сабабҳои даст ба ин кор заданашро ба вай шарҳ диҳад, вале додрас суханҳои ӯро гуш накардааст.

Ба гуфтаи вакили дифои гумонбарон, Харсанов ҳангоми захмӣ кардани худ гуфтааст, "маъмурони пулис дар пеши чашмони ман айбдоршавандаҳоро латтукӯб карданд". Додраси парванда Айдарбек изҳор дошт, ки ба кори маъмурон баҳо дода наметавонад, зеро ҳангоми рух додани ҳодиса дар толори додгоҳ набуд.

Пештар низ гумонбарони парвандаи мазкур гуфта буданд, ки латтукӯб шудаанд. Яке аз гумонбарон дар мурофиаи 18 январ фарёд зад, ки "моро латтукӯб кардаанд".

Дар доираи парвандаи низои қавмӣ 51 кас - сокинони чаҳор деҳаи ноҳияи Кордай муттаҳам мешаванд. Ин афрод бо моддаҳои "Беназмиҳои оммавӣ", "Ғайриқонунӣ ба даст овардан, нигаҳдорӣ ва ба каси дигар додани аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда", "Тамаъҷӯӣ" ва "Роҳзанӣ" айбдор мешаванд. Дар додгоҳ дар маҷмуъ 60 вакил аз муттаҳамон дифоъ мекунад.

Шаби 8 феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи занозанӣ дар деҳаҳои асосан дунганнишини ноҳияи Кордайи Қазоқистон 11 кас кушта, бештар аз 100 кас ҷароҳат бардоштанд. Зиёда аз 20 ҳазор одам, асосан дунганҳо аз маҳалли зисти худ фирор карданд. Бисёре аз онҳо ба Қирғизистон фирор карданд. Ҳукумати Қазоқистон баъдтар хабар дод, ки қисме аз фирориҳо ба манзилҳои худ баргаштаанд.

Рӯзноманигори қирғиз гуфт, Матраимовҳо ба ӯ фишор меоранд

Шоиста Шатманова (аз рост), журналисти қирғиз.

Рӯзноманигори "Супер ТВ" Шоиста Шатманова дар "Фейсбук" навиштааст, ба ӯ телефонӣ ҳушдор доданд, ки масоили марбут ба Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистонро бозтоб накунад.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳушдорро баъди он шунид, ки иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Талант Мамитовро барои суҳбат ба барномаи телевизионӣ даъват карданд ва суолҳоро ба вай пешакӣ фиристод.

Рӯзноманигор мегӯяд, онҳо аз иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон дар бораи Матраимов низ суол карданд. Аз ҷумла пурсида шуд, ки чаро Мамитов вакили дифои Матраимовҳоро додрас таъйин кардааст.

Шатмаманова мегӯяд, Искандар Матраимов, вакили порлумони Қирғизистон ва бародари Райимбек Матраимов ба ӯ занг зада, гуфтааст, "чаро ҳамеша масоили марбут ба Матраимовро матраҳ мекунед? Магар дар Қирғизистон дигар мушкилот намондааст?". Ба гуфтаи рӯзноманигор, Матраимов ҳарчанд дастур ҳам надода бошад, вале ин гуфтааш, ки "дигар мушкилот нест?" ҳамчун "фишор" шумурда мешавад.

Искандар Матраимов тасдиқ кард, ки ба рӯзноманигор занг задааст, вале гуфт, ҳеч гуна фишоре ба ӯ наовардааст ва занги телефонӣ ҳам марбут ба Талант Мамитов будааст.

Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон 6 январ бо имзои фармоне як қатор додрасҳоро таъйин кард, ки дар миёни онҳо номи вакили дифои Матраимовҳо -- Лайло Байдаева низ ҳаст.

Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop низ зикр шудааст.

Бино бар он, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.

Таҷаммӯи мухолифони Имрон Хон дар Исломобод

6 январ, шимолуғарби Покистон. Намоиши эътирозии мухолифон Имрон Хон

Мухолифони Покистон рӯзи 19 январ дар Исломобод, пойтахти кишвар барои ширкат дар раҳпаймоии азими зидди ҳукумати нахуствазир Имрон Хон таҷаммӯъ карданд. Ӯро дар дарёфти ғайриқонунии маблағ аз хориҷа гунаҳгор мекунанд. Эътилофи нӯҳ ҳизби мухолифи ҳукумат Комиссиюни интихоботии Покистонро фишор меоранд, то ки дар заминаи шикояти шаш соли пеши зидди Имрон Хон дар бораи дарёфти маблағҳо аз ИМА тасмим бигирад. Мақомот дар муқобил ҳазорҳо нирӯҳои амниятиву полисро сафарбар карданд. Аксар нирӯҳо барои ҳимоят аз биноҳои муҳими ҳукуматӣ, инчунин Додгоҳи олӣ ва парлумон саф кашиданд. Ҳуқуқшиносон гуфтанд, ки ҳизби ҳокими “Таҳрики инсоф” барои аз хориҷа дастрас кардани маблағ метавонад манъ шавад. Як собиқ ёвари Имрон Хон, ки чанде баъд аз ӯ ҷудо шуд, соли 2014 бо иттиҳоми дарёфти маблағ аз хориҷа зидди нахуствазир шикояте бурд ва гуфт, ки ин маблағҳо бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба кишвар ворид шудаанд. Бар асоси қонунҳои Покистон, ҳизби сиёсӣ ҳақ надорад, ки аз хориҷа маблағгузорӣ шавад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG